dav

Бо ташаббуси кафедари фалсафа ва фарҳангшиносӣ дар толори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мизи мудаввар доир ба ташвиқу тарғиби асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, ки дар он муовини ректор оид ба илм ва иноватсия, мудири кафедраи фалсафа ва фарҳангшиносӣ  ва омӯзгорон иштирок намуданд.

Мизи мудаввари мазкур бо сухани ифтитоҳии Ҷ. Собиров, муовини ректор оид ба илм ва иноватсияи донишгоҳ оғоз гардид.

– Осори арзишманди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари аҳамияти илмиву адабӣ ва таърихӣ, аз назари тарбияи ҷавонон низ пурарзиш маҳсуб мешавад, – зикр намуд Ҷ. Собиров.  – Махсусан, асарҳои таърихии Пешвои миллат оид ба таърихи тамаддун, забон ва шахсиятҳои мондагори таърихӣ дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон нақши басо бузургу шоиста доранд. Яке аз ин гуна асарҳо “Тоҷикон дар оинаи таърих” мебошад, ки дар он таъриху тамаддуни ниёгони ориёии мо то истилои араб дар заминаи манбаъҳои боэътимоди таърихӣ ва тадқиқотҳои пурмуҳтавои олимони ватанию хориҷӣ ба риштаи таҳқиқ кашида шудааст. Омӯзиши ин асар дар мавриди тарбияи ҷавонон ва дар ниҳоди онҳо густариш додани худшиносии миллӣ, ватанпарвариву ваҳдатгароӣ беназир аст.

 

Дар идомаи суханронӣ зикр намуд, ки китоби дигари Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Чеҳраҳои мондагор” низ дорои арзиши баланди илмиву таърихӣ ва аҳамияти бузурги тарбиявӣ мебошад. Китоби мазкур ифодагари таърихи пурғановати тоҷик мебошад. Муаллиф дар бораи ҳаёт ва фаъолият, ҳамчунин фидокориву ҷоннисориҳои фарзандони фарзонаву далери миллати хеш тадқиқоти ҷолиб бурда, дар ниҳоди хонанда, хосса ҷавонони Ватан, эҳсоси худшиносӣ, худогоҳӣ ва ватандориро такмил медиҳад.

“Чеҳраҳои мондагор” беҳтарин намунаи осори таърихӣ, чи аз лиҳози мазмуну мундариҷа ва чи аз назари сабку услуб ва шеваи таҳқиқ аст, ки дар зоти худ беҳамтост. Дар китоб 25 нафар чеҳраи мондагори тамаддуни олам, ки решапайванди миллати бузурги тоҷик мебошанд, барои имрӯзиён муаррифӣ гардидаанд. Аксарияти ин чеҳраҳои таърихӣ шахсиятҳои барҷастае мебошанд, ки дар тағйири куллӣ бахшидани таърихи аҳли башар, ё миллати сарбаланди тоҷик таъсири бузург расонидаанд. Махсусан, хидмати ин чеҳраҳои мондагор дар муаррифӣ намудани фарҳангу тамаддуни миллат дар арсаи ҷаҳонӣ назир надорад”, -афзуд муовини ректор оид ба илм ва иноватсияи донишгоҳ.

Ҳамзаамон, дар мизи мудаввар А. Саидов, мудири кафедраи фалсафа ва фарҳангшиносӣ дар мавзӯи “Тоҷикон дар оидани таърих”, Д. Шарипов, саромӯзгори кафедраи фалсафа ва фарҳангшиносӣ дар мавзӯи “Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ” ва Ҳ. Раҷабова, омӯзгори кафедари фалсафа ва фарҳангшиносӣ дар мавзӯи “Забони миллат ҳастии миллат” баромадҳои пурмуҳтаво намуданд.

dav
dav

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ