Дар Шӯрои олимони Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон  муҳокимаи диссертатсияи Дусматова Азиза Ҳайдаровна, мутахассиси шуъбаи тарбияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзӯи “Идоракунии захираҳои меҳнатии деҳот дар шароити шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ”, зери роҳбарии Пиризода Ҷалил Сафар баргузор гардид. 

Дар муҳокимаи диссертатсия устодони соҳибунвону варзида, ба монанди Пиризода Ҷалил Сафар, директори институт, академик, раиси Шӯрои илмӣ, Одинаев Шоҳин, муовини директор оид ба илм, Файзов Неъматулло, котиби илмии институт, Шоазизова Маҳбуба, мудири шуъбаи омӯзиш ва мониторинги амнияти озӯқаворӣ, Файзуллоева Каромат, мудири шуъбаи омӯзиши равандҳои кластеркунинӣ дар комплекси агросаноатӣ, Маҳмудова Шаҳодат, мудири шуъбаи омӯзиш ва мониторинги сармоягузорӣ дар комплекси агросаноатӣ, Хамидҷонов Ҳабибҷон, мудири шуъбаи омӯзиши равандҳои инноватсионӣ дар комплекси агросаноатӣ, Ергашева Танзила, сармутахассис оид ба робитаҳои байналмилалии АИКТ, Бозориев Рустам, Валиев Зафар, Шамсиев Қамариддин, Гулов Исмоилҷон, Наимов Мирали, Ҷобиров Шодмон, Гадоиён Шокирҷон, Баротова Шаҳло, Амиршоев Рустам ширкат варзиданд.

Азиза Ҳайдаровна, зимни баромад оид ба  аҳамияти таҳқиқоти диссертатсионӣ баромад намуда зикр кард, ки самти муҳими масъалаи таҳқиқшаванда идоракунии самараноки захираҳои меҳнатӣ мебошад, ки аз тарафи олимон то ҳоло таваҷҷуҳи лозимиро ба хул ҷалб накардааст. Дар корҳои появии муаллифони хориҷӣ, чун қоида таҳлили бевоситаи ташаккулёбии бозори меҳнат дар шароити гузариш аз иқтисоди маъмурию нақшавӣ ба иқтисоди бозорӣ мавҷуд нест. Дар ин маврид шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои хусусиятҳои хоси худ мебошад ва таҳқиқоти алоҳидаро талаб менамояд.