– Айни замион   дар вилояти Хатлон 35 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ татбиқ гардида истодааст, ки маблағи умумии дар доираи онҳо азхудшуда 487 млн. долари ИМА-ро ташкил медиҳад, -зикр намуд Қ. Қурбонзода, сардори Раёсати давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят, дар нишасти матбуоти ба рӯзноманигорон. – Дар асоси ҳисоботҳои Раёсати агентии омори вилояти Хатлон ба қаламрави вилоят 28,2 млн долари ИМА сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки 14,7 млн долари ИМА-ро сармояи мустақим ва 13,5 млн долари ИМА-ро дигар сармоягузориҳо ташкил медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки тибқи воридоти сармояи хориҷӣ нишон медиҳад, ки ба вилоят аз 31 давлати хориҷӣ сармоя ворид гардидааст, ки бештари маблағҳо ба давлатҳои Россия 37,8%, Чин 30,7%, Эрон 16,9% ва Аморати Муттаҳидаи Араб 5% рост меояд.

Айни замон дар вилоят 48 субъекти соҳибкори бо ҷалби сармояи хориҷи фаъолият дошта, дар ҶДММ “Ауфен”, ҶДММ “Талко Кемикал”, ҶДММ “ТК Ойл”, ҶДММ “Хуаксин Ғаюр Семент”, ҶДММ “Хуачиян Ғаюр Инсдастриал”, ҶДММ  ИА “Водии Зарин”, ҶДММ ШБИ “Чжунсой Моҳир Семент”, ҶДММ “Фабрикаи мурғпарварии Беҳамто”, ҶСП “Ҷунтай Хатлон Син Силу”, ҶДММ “Муосир” ва ҶДММ “Чунтай Данғара Син Силу” беш аз 390 миллион долар сармояи хориҷи ҷалб гардидаанд.

Дар нишасти хабарӣ қайд гардид, ки аз тарафи соҳибкорони вилоят 48 адад лоиҳаи сармоягузорӣ ва дархостҳои лоиҳави ба маблағи 77793 ҳазор сомонӣ омода аз он 24 лоиҳа ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 24 лоиҳа ба Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкорӣ”-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Дар маҷмуъ  Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкорӣ”-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дархостҳои 77 субъекти соҳибкориро барои гирифтани қарзи имтиёзнок дар ҳаҷми 116,9 миллион сомонӣ дастгири намудааст.

Қ. Қурбонзода, сардори Раёсати давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят  қайд намуд, ки аз ҷониби соҳибкорзанони вилоят 44 лоиҳа барои дарёфти гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 830 ҳазор сомонӣ 61 лоиҳа барои дарёфти гранти раиси вилояти Хатлон ба маблағи 707 ҳазор сомонӣ пешниҳод гардид.

Тибқи маълумоти андози вилоят дар соли 2020-ум, 63044 хоҷагиҳои деҳқонӣ, 6717 нафар соҳибкорон тибқи шаҳодатнома ва 268071 нафар соҳибкорон тибқи патент ба қайд гирифтаанд.

Маврид ба ёдоварист, ки дар соли 2020 аз ҳисоби сармояи дохили яъне соҳибкорони шаҳру ноҳияҳои вилоят дар доираи омодагӣ ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2152 адад биною иншоотҳо ва корхонаю коргоҳҳои истеҳсолию ғайриистеҳсолиро ба маблағи 537 миллион сомонӣ сохта, мавриди истифода қарор дода, 2113 ҷойи нави корӣ муҳаё гардидааст.

Комрони БАХТИЁР,
“Хатлон”