Дар Паёми навбатии худ Сарвари давлат дар қатори дигар соҳаҳо ба соҳаи маориф таваҷҷуҳ намуда, баҳри беҳдошти шароитҳои таҳсили хонандагон пешниҳодҳои муфид ироа намуданд. Дар ин хусус ба омӯзгорон ва масъулини ин соҳа баҳри ҷиддӣ фаъолият намудан ва ҷавонони соҳибилму бомаърифат ва ватандӯстро ба воя расонидан як қатор дастуру супоришҳо доданд.

 

Сарвари давлат боз барои ҳавасманд гардонидан ва рӯ овардани наврасону ҷавонони мо ба китоб, ба илму дониш озмуни дигарро таҳти унвони «Илм – фуруғи маърифат» пешниҳод намуданд. Боварӣ дорем, ки ҷавонон ва наврасони мо ин иқдоми неки Сарвари худро воло дониста, баҳри амалӣ гардонидани он кӯшишу ғайрати беандоза менамоянд.

 

Имтиёзи дигари сарвари кишвари мо барои ҷавонон ин зиёд намудани стипендияи донишҷӯёну аспирантон мебошад, ки ин бори дигар ҷавонони моро баҳри соҳибмаърифат гардидан ва ба ватани худ хизмат намудан рӯҳбаланд месозад.

 

Дар хусуси занон чун ҳарвақта сарвари кишвар суханронӣ намуда, қайд карданд, ки занони мо дар ҳама соҳаҳо кору фаъолият дошта баҳри ободӣ ва некуаҳволии кишвари худ саҳми арзандаи худро мегузоранд. Сарвари давлат изҳор намуданд, ки дар ҳама самтҳо занон саҳми бузурге мегузоранд ва даст дар қалби худ гузошта ваъда доданд, ки «Ман то вақте ки ҳастам занонро дар ҳама кору фаъолияташон астгирӣ менамоям».

 

Мо занон аз ин суханронӣ ва ғамхориҳои Сарвари маҳбуби худ хеле миннатдорем. Аз он мефахрем, ки Сарвари мо дар ҳама баромадҳояшон дар хусуси баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа пешниҳодҳои неки худро баррасӣ менамоянд. Аз ин рӯ, мо занон ваъда медиҳем, ки аз ин суханронии Сарвари худ рӯҳбаланд гардида, баҳри ободӣ ва пешрафти кишвар дар ҳама соҳаҳо кору фаъолияти содиқона зоҳир менамоем.

 

Дилором ПИРИЕВА,

омӯзгори кафедраи биологияи умумӣ