Фарҳангу фарҳангдорӣ дар оини тоҷикон мавқеи аввалиндараҷа дорад. Имрӯзҳо бо нафароне метавон рӯ ба рӯ гашт, ки дар таълиму тарбияи ҷавонон ва ҷалби онҳо ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ саҳми арзишманд доранд. Айни замон дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носир Хусрав баҳри донишҷӯён курсҳои кутоҳмуддати омӯзишӣ фаъолият дорад.

 

Имрӯзҳо дар факултети техникӣ ва технологии донишгоҳ донишҷӯдухтарон маҳорати касбии хешро сайқал дода, омодасозии либосҳои миллӣ аз қабили чакан, адрасу атлас, бофтану сохтани ҳар гуна лавозимоти ороиширо аз худ мекунанд. Маҳсули дастони онҳо дар ҳама гуна чорабиниву конфронс ва барномаҳои фарҳангии донишгоҳ ба маърази намоиш гузошта мешавад.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эълон намудани «Се соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар замири қалби бонувони тоҷик бори дигар ҳисси ватандӯстӣ, рӯ овардан ба фарҳанги миллиро бедор сохт. Ин пешниҳоди Пешвои муаззами миллат ҷиҳати эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, хусусан ҳунарҳое, ки солҳо боз аз байн рафтаву аз хотираҳо зудуда гардида буд, басо созгор аст. Дар ин радиф ҷидду ҷаҳди занону бонувони тоҷик баҳри ташаккули ҳунарҳои ниёгонамон қобили таъкид аст.

 

-Меҳнату заҳмат дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёт василаи оромию осоиштагӣ ва сарбаландии инсонҳо буда, зиндагиро пурбаракот мегардонаду шахсро дар ҷамъият обрӯманд месозад. Солҳои охир дар ҳар як хонавода ҳатман пайдо мешавад нафаре, ки яке аз ҳунарҳои мардумиро аз худ намудаасту онро дар зиндагӣ воситаи пешбурди рӯзгори хеш қарор додааст. Ин маданияти бой аз таърихи қадима доштани ҳунарҳои гузаштагонамон дарак медиҳад. Ҳунарҳои ресандагӣ, бофандагӣ, сабадбофӣ, бандбофӣ, чакандӯзӣ, қаламкашӣ яке аз намудҳои маъмули ниёгонамон ба шумор рафта, то ба имрӯз бо шаклу услубҳои хос омада расидаанд. Шахси ҳунарманд ба хубӣ дарк менамояд, ки роҳе ба сӯи ободии ҷомеа кушодаасту бо заҳмат онро зинда гардонидааст. Ҳар гоҳе дар гӯшае аз канори кишвар яке аз ороишоти қадимии ҳунариро мебинем аз он меболем, ки ҳақиқатан боз як ҳунари қадима эҳё гашта истодааст, – иброз намуд донишҷӯи курси сеюми ҳамин факултет Парвина Насурова.

 

-Мутаассифона, бархе аз занону духтарони мо ба ҷойи муаррифии фарҳанги миллии худ, баръакс ба таблиғу ташвиқи фарҳанги бегона машғуланд, ки ин хеле таассуфовар мебошад. Эҳсоси ифтихори миллӣ ба ҳар як шаҳрванд бағоят муҳим аст, то дар ҷомеа ҳар чӣ бештар либосҳои миллӣ, моҳият, мазмун ва шакли онро ба дигарон тарғиб намояд. Аз мушоҳидаҳо аён мегардад, ки қисмате аз занону духтарони мо то ҳол тафовути байни либоси миллии хеш ва либоси бегона дар мавриди риояи ниёзҳои мазҳабии худ гузошта наметавонанд, -афзуд Парвина.

 

Пас, моро лозим меояд, ки барои аз даст нарафтани фарҳанги либоспӯшӣ ҳар чӣ бештар либосҳои миллии хешро ҳамчун рукни муҳими фарҳанги миллӣ ҳаматарафа байни мардум тараннум намоем ва моро мебояд фарзандонро дар роҳи таҳсил, адаб ва ҳунар тарбият намоем.

 

Шаҳноза АСОЕВА, «Фурӯғ»