Дар асоси нақша чорабиниҳои кафедраи фаъолияти бонкии факултети иқтисодӣ, бо мақсади баланд бардоштани маҳорати касбии хатмкунандагони ихтисоси кори бонкӣ ва мустаҳкам намудани ҳамкориҳо бо ташкилоту муассисаҳои қарзӣ, семинар-машварат дар мавзӯи “Ҷалби мутахассисони ҷавон ва роҳҳои баланд бардоштани хизматрасониҳои бонкӣ” баргузор гардид.
Дар семинар М. Холназаров, мудири кафедраи фаъолияти бонкӣ, Алишер Маҳмадаминов, сармутахассиси филиали “Бонки Эсхата” дар вилояти Хатлон ва Марҳабо Салихова сармутахассиси шӯъбаи банақшагирии филиали Бонки Эсхата дар вилоят иштирок ва баромад намуданд.