Маҳфили навбатии илмӣ дар назди кафедраи менеҷмент маҳфили “Менеҷменти навоварӣ” зери роҳбарии Муҳаммад Давлотов, баргузор гардид, ки дар он Хурсанд Ҳамдамзода, декани факултети менеҷмент ва низоми гумрук, омӯзгорони кафедра ва аъзоёни маҳфил иштирок доштанд.
Холназар Шамсуллозода, мудири кафедраи менеҷмент маҳфили «Менеҷменти навоварӣ» меҳмонон ва иштирокчиёни маҳфилро хушомадед намуда маҳфили мазкуро кушода эълон намуд.
Сипас, Хурсанд Ҳамдамзода, декани факултет баромад намуда қайд кард, ки мақсад аз баргузор намудани чунин маҳфилҳо, пеш аз ҳама дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва дониши донишҷӯён саҳми назарас дорад.
Донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси менеҷменти ичтимоӣ Муслиҳиддин Ситамов, дар мавзӯи “Иқтисоди миллӣ” маърӯзаи илмии пурмҳтаво шунида шуда аз тарафи меҳмонон ва иштирокчиёни маҳфил фикру андешаҳо, таклифу пешниҳодҳо баён карда шуд.
Сипас супоридани тӯҳфаҳои хотиравӣ ба баромадкунандагон ва иштирокчиёни маҳфил ба кори маҳфил ҳусни ифтитоҳ бахшид.
Суҳроб Мисоқов,
котиби маҳфили “Менеҷменти навоварӣ”