Бо ибтикори шуъбаи тарбияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи  Носири Хусрав дар хобгоҳи донишҷӯён маҳфили фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи модар доир гардид.


Дар чорабинӣ Наргис Нурализода, раиси бонувони донишгоҳ, Азиза Дусматова, мутахассиси шуъбаи тарбия, Муқаддас Рустамзода, декани факултети забон ва адабиёти рӯс, омӯзгорон иштирок намуда, тамоми донишҷӯдухтаронро ба муносибати иди бонувон ва омад-омади фасли зебои сол баҳори хуҷастапай табрику таҳният гуфта, дар таҳсил ва фаъолияти минбадаашон бурдбориҳо таманно намуданд.
Сипас донишҷӯён бо барномаи рангини ҳунарӣ, ки аз қироати шеър дар васфи модар иборат буд, табъи ҳозиринро болида гардониданд.