Дар гурӯҳи таълимии 104-и навтаъсиси русӣ дарси кушод зери роҳбарии Рустам Казаков, дотсенти кафедари таърихи халқи тоҷик, аз фанни “Таърихи халқи тоҷик” дар мавзӯи “Барьба таджикского народа против монголов» – (“Муборизаи халқи тоҷик бар зидди истилогарони муғул”) баргузор гардид.

Дар дарси кушод декани факултет, омӯзгорони кафедра ва омӯзгорони факултетҳои донишгоҳ иштирок доштанд.

Бояд қайд намуд, ки омӯзгор Рустам Казаков дарсро аз ҷиҳати ташкилӣ хуб ба роҳ монда, бо тайёрии хуб дарсро оғоз намуд. Дар ҷараёни дарс аз воситаҳои техникӣ ба монанди (компютер, доскаи электронӣ) самаранок истифода бурд.