КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ «МАҚОМИ МАВЛОНО ҶАЛОЛУДДИНИ БАЛХӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ АДАБИ ТОҶИКУ ФОРС» БАРГУЗОР ГАРДИД

Имрӯз 12-уми марти соли 2021 Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба таъсисёбии Маркази илмӣ-таҳқиқотии “Мавлоношиносӣ” конференсияи илмӣ–амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Мақоми Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар рушди илму адаби тоҷику форс» баргузор гардид, ки дар он Фирӯзи Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон, Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав, меҳмонон, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд. Нахуст, меҳмононро дар саҳни донишгоҳ пешвоз гирифта, аз Маркази илмӣ–таҳқиқотии “Мавлоношиносӣ”–и назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, шинос намуданд. Дар оғоз сухани табрикотии Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ қироат шуд. Гуфта шуд, ки адиби маъруф, орифи тавоно Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, аз симоҳои бузурги илмӣ, ирфонӣ ва фалсафаи ҷаҳонӣ буда, дар олами Ғарб бештар бо номи Мавлавии Румӣ ёд карда…

Муфассал

ДИҚҚАТ! ДИҚҚАТ! ДИҚҚАТ! КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2021 ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соли 2021 озмун эълон менамояд:  1. Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои қадршиносии хизматҳои шоистаи олимони ҷавон дар назди ҷомеа ва давлат, дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, баланд бардоштани лаёқати эҷодии олимони ҷавон ва рушду инкишофи иқтидори…

Муфассал