Имрӯз 16-уми марти соли 2021-ум дар факултети педагогика ва варзиш Ниёзов Муслим, саромузгори кафдраи методикаи таълими ибтидоӣ  дарси намунавии худро дар мавзӯи “Аҳамияти суръат дар ҷараёни мусиқӣ” бо иштироки донишҷӯёни курси 5-юми ихтисоси таҳсилоти ибтидои санъати мусиқӣ доир кард.

Устод Ниёзов Муслим дарси намунавиро бо омодагии шоиста ва таҳлилу баррасии амиқи мавзӯи матраҳшуда шавқовару хотирмон баргузор кард ва ба пурсишҳои донишҷӯён перомуни мавзӯи дарс посухҳои мушаххасу аниқ ироа намуд