Аз азал Наврӯз дар ҳаёти мардуми форс нақши бориз дошта, ба урфу одати мо таъсиргузор будааст. Дар “Наврӯзнома”-и Хайём омадааст, ки “Оини мардуми Аҷам аз дергоҳ чунин буд, ки рӯзи Наврӯз мардум бо якдигар мулоқотҳо тартиб медоданд, ба меҳмонии ҳамдигар мерафтанд, кудуратҳои мавҷудро канор мегузоштанд. Соли навро бо либосҳои нав пешвоз гирифта, ба киштукори баҳорӣ оғоз мекарданд”.

 

Оре, ин оину расми ниёгони мо имрӯз идомаи зебо дорад. Як анъанаи ҷолиб дар ин ҷашнвораи бошукӯҳи миллӣ бо ҳафт шин (шакар, шарбат, шароб, ширинӣ, шир, шона, шамъ ва ҳафт син (сирко, сабза, сумок, самбӯса, суманак, санҷид, сипанд) оростани хони Наврӯзӣ аст.

Бо омад – омади Наврӯзи хуҷастапайк замин пироҳани сабз ба бар мекунад, гулҳои Наврӯзӣ ба шукуфтан оғоз мекунанд, табиат аз нав зинда гашта, ҳамагон дар васфи Наврӯз шеърхонӣ мекунанд. Ҷолиб ин аст, ки аҷдодони мо оид ба хосиятҳои рӯзҳои наврӯзӣ, чӣ гуна ва чӣ хел омадани ҳар як сол дар ҳар як рӯзи ҳафта, ҳосилнокии зироат, боришот ва файзу баракат пешгӯиҳои аҷиб кардаанд. Чунончӣ:

Агар Наврӯз рӯзи якшанбе ояд, соли нав шавад, ҳокими ин рӯз Шамс бошад, он сол фарохӣ, меваю неъмат бисёр ва фаровонӣ мешавад;

Наврӯз рӯзи душанбе ояд, соли нав шавад, ҳокими ин рӯз Қамар (моҳ) бошад, соли саъл, яъне хурсандиовар мешавад. Дар дунё дар Машриқзамин ва Мағрибзамин боронгарӣ бисёр шуда, зимистон сард мегузарад;

Наврӯз рӯзи сешанбе ояд, соли нав шавад, ҳокими ин рӯз Миррих бошад, он сол фаровонии неъматҳо, зироатҳою ғалла рух медиҳад, камшавии боришот пеш меояд;

Наврӯз рӯзи чаҳоршанбе ояд, соли нав шавад, ҳокими ин рӯз Аторуд бошад, дар ин сол боронгарӣ зиёд шавад ва чорводорӣ тараққӣ кунад. Кори деҳқонӣ хуб, вале мева кам мешавад, хунукӣ низ кам мешавад;

Наврӯз рӯзи панҷшанбе ояд, соли нав шавад, ҳокими ин рӯз Муштарӣ бошад, дар ин сол ҳарбу зарб бисёр буда, нарху наво болост. Бориш кам хоҳад буд;

Наврӯз рӯзи ҷумъа ояд, соли нав шавад, ҳокими ин рӯз Зуҳра бошад, дар ин сол шодиву хурсандии мардум зиёд гашта, неъматҳо фаровон мешавад. Соли пурфайзу бобаракот хоҳад буд, амонию арзонӣ мешавад.

Наврӯз рӯзи шанбе ояд, соли нав шавад, ҳокими ин рӯз Зуҳал бошад, дар ин сол хунукию боронгарӣ зиёд, меваҷот ва ҳосили ғалла кам мегардад, нарху наво гарон хоҳад буд.

Оре, Наврӯз давраест, ки замин ба меҳвари Хуршед баромада, рӯзу шаб баробар мешавад ва кулли инсону мавҷудотро рӯҳу равони тоза бахшида, ба ояндаи нек, рӯзгори обод ва пешрафту созандагӣ ҳидоят мекунад. Наврӯз хуҷаста бод, дӯстони азиз!

 

Таҳияи Шаҳноза АСОЕВА