Баргузории ҷашни Наврӯз дар замони Сосониён чанд рӯз (на кам аз шаш рӯз) тӯл мекашид ва ба ду давра тақсим мешуд. Наврӯзи кӯчак ё Наврӯзи омма, ки панҷ рӯз буд ва аз якум то панҷуми моҳи фарвардин гиромӣ дошта мешуд ва рӯзи шашуми Фарвардин (Хурдодрӯз), ҷашни Наврӯзи бузург ё Наврӯзи хосса барпо мегашт.

 

Дар ҳар яке аз рӯзҳои Наврӯзи омма, табақае аз табақоти мардум (деҳқонон, рӯҳониён, сипоҳиён, пешаварон ва ашроф) ба дидори шоҳ меомаданд ва шоҳ ба суханони онҳо гӯш медод ва барои ҳалли мушкилоти онҳо дастур содир мекард.

 

Дар рӯзи шашум, шоҳ ҳаққи табақоти гуногуни мардумро адо карда буд ва дар ин рӯз, танҳо наздикони шоҳ ба ҳузури ӯ меомаданд. Рӯзи аввали Фарвардинмоҳ шоҳон ба тахт дар сар тоҷи ҳафтситорадор менишастанду тӯли панҷ рӯз мардумро қабул мекарданд, ҳоҷати онҳоро мебароварданд ва ҳадяҳо мебахшиданд. Нахустин касе, ки барои подшоҳ меомад, мубади мубадон (сарруҳонии зардуштиён) ва пас аз он дигарон, ҳар кадом дар гурӯҳи пешаи худ, пеш меомад ва раҳовард пешкаш мекарданд. Рӯзи шашум Наврӯзи Бузург буд ва хонадони шоҳӣ ва дарбориён бор меёфтанд. Ҷашни Наврӯз, ки дар гузашта баргузор мешуд, ҳамин панҷ рӯзро дар бар мегирифт.

 

Мувофиқи гуфтаи Абурайҳони Берунӣ дар аҳди шоҳони Сосонӣ Фарвардинмоҳ ба шаш бахш тақсим шуда, чун моҳи Наврӯз ҷашн гирифта мешудааст: панҷ рӯзи аввалро подшоҳон бо ашрофони худ, панҷ рӯзи дуюмро ба бахшидани ҳадяҳо, панҷ рӯзи сеюмро шоҳ бо хизматгузорони худ, панҷ рӯзи чаҳорумро бо одамони хосу наздиктаринаш, панҷ рӯзи панҷумро бо лашкариёнаш ва панҷ рӯзи боқимондаро бо омма ҷашн мегирифтааст. Дар ин рӯз ғайр аз шахсоне, ки худи подшоҳ мехост, каси дигар ҳуқуқи дар маҷлиси ӯ иштирок намуданро надошт. Дар тамоми рӯзҳои наврӯзӣ навозандагон ва сарояндагони хоси дарбор дар хизмат буданд, ки ин ҳам як суннати таҷлили Наврӯз дар он давраҳо ба шумор мерафт. Инчунин об пошидан ба ҳамдигар яке аз анъанаҳои иди Наврӯзи даврони гузашта будааст, то кишвар сероб бошаду соли пешомад файзбор. Аввалин шоҳе, ки Наврӯзи омма ва хосаро бо ҳам омехта рӯзи мобайни онро рӯзи ҷашн эълон кард, шоҳи Сосонӣ Ҳурмузд-писари Шопур (соли ҳукмрониаш 272-274) будааст.

 

Замони давлатдории хулафои Умавӣ (661-750) бо мақсади дар байни халқ пайдо намудани обрӯ ва афзудани даромади хилофат ба гузаронидани иди Наврӯз иҷозат доданд. Дар замони Аббосиён низ бо мақсади пазириши ҳадоёи мардумӣ, аз Наврӯз истиқбол мегирифтанд. Бо рӯи кор омадани Сомониён ва Оли Бувайҳ, ҷашни Наврӯз бо густурдагии бештаре баргузор шуд.

 

Дар замони Салчуқиён бошад, бо дастури Ҷалолидин Маликшоҳи Салчуқӣ теъдоде аз ситорашиносон бо сарварии Умари Хайём барои ислоҳоти тақвим гирди ҳам омаданд. Ин гурӯҳ Наврӯзро дар рӯзи якуми баҳор қарор доданд ва ҷойгоҳи онро собит намуданд. Ислоҳоти дар асоси мушоҳидаҳои дақиқи илмӣ ва ҳисобу китоби аниқ гузаронидаи Умари Хайём дар асари ӯ «Зиҷи маликшоҳӣ», ки дар таърих бо номи «Тақвими ҷалолӣ» маъруф аст, бомуваффақият ҷамъбаст карда мешавад. Ҳазорсолаҳост, ки қавмияту миллатҳои гуногун дар ҳар куҷо ва дар ҳар ҳоле, ки бошанд, Наврӯзро бо ҳама расму русумаш дар хонаву кошонаҳои хеш ҷашн мегиранд.

 

Иди Наврӯз дар замонҳои тозиён, туркон, муғулон ва дигар фармонравоён низ бо шодӣ ва хушӣ баргузор мешуд. Саранҷом гирд омадан сари суфраи наврӯзӣ, ки он ҳафт пояи аслӣ дорад, ки ҳафт син хонда мешавад ва чизҳоеро шомил мешавад, ки нахустин ҳарфи онҳо син аст ва ниёишгузорӣ ва ғазалхонӣ ва таронагӯӣ ва нағмапардозӣ дар лаҳзаи гардиши сол, нафас дар сина ҳабс кардан ва хомуш мондан ва чашм бар обу оина ва шамъи фурӯзон ва сабза ва гули шукуфон ва шиноварии моҳиён духтан то рӯйдоди бузург ошкор гардад ва замону ҷаҳони бошукӯҳтар ҷои ошубу ғами поринаро бигирад, нуқтаи авҷи ин сурур аст. Ғайр аз ин, дар айёми Наврӯзӣ баргузории мусобиқаҳои варзишӣ, ба хусус, гуштингирӣ аз фараҳангезтарин саргармиҳост. Дар канори онҳо бозиҳои дигаре мисли футбол, волейбол, дастхобонӣ ва ғайра баргузор мешавад.

 

Ба ин тариқ, Наврӯз ва оинҳои куҳанбунёди он ҳамагӣ асотир ва армону фарҳанг ва таъриху адаби ҳазорсолаи мардуми форсу тоҷикро якҷо дар худ фароҳам овардааст ва соле як бор онро дар пайванду паймони розомези фарҳангиашон ба сароғози сароғозҳо ва сарчашмаи сарчашмаҳо мебарад, то тану ҷон дар оби покӣ ва ростӣ бишӯянд ва паймон нав кунанд, ки ҳамвора некандеш, некгӯфтор ва неккирдору навхоҳ, навҷӯ ва навгардон бимонанд ва то ҳастанд, озода ва сарафроз ва пӯёву кӯшо бошанд.

 

САФИР, «Фурӯғ»