Риояи талаботи дарси муосир аз ҷониби мутахассиси соҳавӣ тақозои замон мебошад. Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар сарбории таълимии донишҷӯ (воҳиди заҳматталабӣ барои аз худ кардани касб) дар шакли кредит – бо маърузавӣ, амалӣ, кмро, кмд, таҷриба, кори курсӣ, аттестатсияи хатм муайян гардидааст.

Сатҳи ҳазми ин заҳматталабии донишҷӯ аз ҷониби омӯзгор (тютор – роҳбалад)-и фан бо риояи талаботи арзёбии замони муосир аз рӯи низоми холдиҳии рейтингӣ 100-хол, дар ҳар як соат баҳогузорӣ карда мешавад. Агар дар раванди таълим талаботҳои технологияи муосири таълим риоя шавад, он гоҳ донишҷӯ ва омӯзгори фан масъул ҳастанд, ки дар ҳазм намудани фан якҷоя саҳмгузор бошанд. Таълими муосир ва риояи меъёри арзёбӣ ҳамаи омӯзгорони фаниро, ки имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ фаъолият менамоянд вазифадор месозад, ки ҳамарӯза аз донистани технологияи навин бархурдор бошанд.

 

Нақши асосии омӯзгори фан дар замони муосир, дар навбати аввал пеш аз ҳама бояд ба донишҷӯ роҳбаладӣ намояд, то ин ки дар ҳазми барномаи фан аз сарчашмаҳо ва захираҳои интернетӣ дуруст истифода карда тавонад. Боиси таассуф аст, ки то ҳол бештари омӯзгорони фаннӣ дар аудитория ҳамчун маърӯзачӣ ё бо истилоҳи замони куҳан лектори фан машғулиятҳоро мебаранд. Хулоса, барои ба таълими муосир ноил гаштан ҳатман омӯзгори фан бояд аз донишу усулҳои пешқадами замони муосир бархурдор бошад.

 

Маъруза – як шакли дарс маҳсуб меёбад, ки дар рафти он омӯзгор (тютор – роҳбалад)-и фан аудиторияро бо истифода аз сарчашмаҳо ба муҳтавои мавзӯъ ошно менамояд. Ҷиҳати ба пуррагӣ ҳазм шудани мавзӯъ ба донишҷӯён барои соати КМРО ва КМД-и фан супоришҳои мустақилона медиҳад. Бо истифода аз усулҳои фаъоли таълим ҳамаи донишҷӯёнро вобаста ба тарзи фаъолияташон дар машғулият барои иштирок, интизом, сару либос, ҷиҳози таълим бо холҳои ҳавасмандкунӣ арзёбӣ менамояд.

 

Дарси амалӣ – як шакли дарс маҳсуб меёбад, ки дар рафти он омӯзгори фан аудиторияро бо маводи таълимӣ таъмин менамояд. Намунаи масъала, машқ ва ё супоришҳоро мустақилона ва ё бо иштироки аудитория иҷро менамояд. Ҷиҳати ба пуррагӣ ҳазм шудани мавзӯъ ба донишҷӯён барои дарси амалии оянда ва ё соати КМРО ва КМД-и фан супоришҳои мустақилона медиҳад. Бо истифода аз усулҳои фаъоли таълим ҳамаи донишҷӯёнро вобаста ба тарзи фаъолият – барои иштирок, интизом, сару либос, ҷиҳози таълим ва саводнокӣ дар машғулият бо холҳои ҳавасмандкунӣ арзёбӣ менамояд.

 

Дарси КМРО – (кори мустақилонаи донишҷӯ бо роҳбарии омӯзгор) – як шакли дарс маҳсуб меёбад, ки дар рафти он омӯзгори фан ҳамаи аудиторияро бо маводи таълимии ёрирасон таъмин менамояд. Бо истифода аз усулҳои фаъоли дарсбарӣ супоришҳои мустақилонаи пешакӣ додашударо аз донишҷӯён қабул менамояд. Дар лаҳзаҳои алоҳида аз номгӯи саволномаи тестӣ саволу ҷавоб менамояд. Бо истифода аз усулҳои фаъоли таълим ҳамаи донишҷӯёнро вобаста ба фаъолияташон – барои иштирок, интизом, сару либос, ҷиҳози таълим ва саводнокӣ дар машғулият бо холҳои ҳавасмандкунӣ арзёбӣ менамояд.

 

Дарси КМД – (кори мустақилонаи донишҷӯ бе роҳбарии омӯзгор) – як шакли сарбории омӯзгор аст, ки вобаста ба ҳаҷми кредит омӯзгори фанни марбута ҳамаи донишҷӯёнро бо маводи таълимии ёрирасон ошно менамояд.

 

Бо истифода аз усулҳои фаъоли корбарӣ донишҷӯёнро ба иҷрои супоришҳои мустақилона, аз қабили навиштани реферат, кори курсӣ, рисолаи хатм, мақола, ҳикоя, масъалаҳои ба таҷрибаомӯзӣ рабт дошта ва амсоли ин пешакӣ омода менамояд. Иҷрои супоришҳои КМД аз ҷониби омӯзгор (тютор -роҳбалад)-и фанни марбута дар дарсҳои КМРО ва ё дар назди кафедра қабул гардида ва дар доираи НХР-100 хол, арзёбӣ карда мешавад.

 

Хулоса, баргузории дарс имрӯз дар аудитория аз омӯзгор тайёрии пешакӣ ва масъулияти баландро тақозо менамояд.

 

А. ХАЙРЗОДА,

сардори раёсати таҳсилот