Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаест, ки барои мардум шукӯҳ, нусрат, иқбол ва фараҳмандӣ бахшид. Истиқлолият муаррифгари давлат, озодӣ, комилҳуқуқӣ ва соҳибихтиёрии ҳар як миллат аст.

Ба воситаи Истиқлолияти давлатӣ, кишвари мо номаи тақдирашро ба дасти хеш навишта, асолати миллати мутамаддини тоҷиконро дубора эҳё намуд. Ин боис гардид, ки роҳу равиш ва мақому мартабаи Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи муносибро пайдо намояд. Бешубҳа Истиқлолиятро волотарин ва пурарзишта рин дастоварди давлату миллати тоҷикон медонанд. Тамоми мардуми сарбаланди кишварамон аз он меболанд, ки бисту нуҳ сол қабл нахустин пойдевори кишвар, яъне истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллӣ гузошта шуд. Истиқлолият барои мо- мардум рамзи саодату хушбахтӣ, ватану ватандорӣ, азимтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба ҷаҳони муосир мебошад. Он нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои миллат, ҳувият, ормон ва асолати ҳар як давлат аст.
Маҳз хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ба мардум сарҷамъӣ, истиқлолият, ободӣ ва озодӣ бахшид. Ин марди бузургу дарёдил аз рӯзҳои аввали сарварӣ ба тамоми соҳаҳои кишвар таваҷҷуҳи хосса дода, аз ҷумла ба соҳаи маориф назари ҷиддӣ менамуданд. То ба имрӯз дар ин самт тамоми шароитро фароҳам сохта, пайваста насли наврасу ҷавонро барои таҳсили илм роҳнамоӣ менамоянд.
Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо аз зумраи давлатҳои ободу зебоест, ки дар он баробари расму оини миллию мардумӣ, анъанаҳо ва маросимҳои динӣ риоя мегарданд. Даврони истиқлолият бунёдкориву созандагӣ, пешравию тараққиётро ба таърихи миллати тоҷик ворид намуд. Тавассути истиқлолият Тоҷикистони азизамон кулли тоҷикони ҷаҳонро бо ҳам овард ва дари худро ба ҳаммилатони бурунмарзӣ боз намуд. Муносибатҳои дӯстиро миёни кишварҳо ба роҳ монд.
Сарвари давлат барои миллат ва сарзамин, барои нигаҳдории сулҳу оромии кишвар, таъмини шароити зиндагии арзанда барои тамоми сокинони ҷумҳурӣ, насли ояндасози ҷомеа ҷидду ҷаҳд, заҳмату талош ва хизмати басо бузурге карданд. Дар самти таҳкими Истиқлолияти давлатӣ аз иқдомот ва хизматҳои шоёни Пешвои миллат гуфтан басо бамаврид аст.
Мо -омӯзгорон имрӯз аз мактаби сарварии Пешвои миллат пайравӣ намуда, кӯшиши онро дорем, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат дар таълиму тарбия, баландбардории сатҳи маърифати шогирдон, таҳкими давлатдорӣ саҳмгузор бошем.
Салоҳиддин СУБҲОНЗОДА,
мудири кафедраи фалсафа ва фарҳангшиносӣ, номзади илмҳои фалсафа