Китоб яке аз неъматҳои бузурги дунё, ягона ганҷи муқаддас, мунис ва ғамгусори халқ аст. Чи тавре ки гул ба об ниёз дорад, инсон низ ба китоб эҳтиёҷ дорад. Маҳз китоб аст, ки дӯстии қалбҳо поянда асту адолат ҳукмфармост.

Китоб барои ақл ба мисли тамрини ҷисмонӣ аҳамияти хоса дошта, ҳамнишинӣ бо он лаззат дорад. Ин ганҷи ноёб метавонад қулфу гиреҳҳои бесаводиро барҳам зада, инсонро ба роҳи дуруст ҳидоят намояд. Китоб калиди тиллоии кохи донишу хирад аст, ки касе онро ба даст овараду вориди ин кох шавад, бохираду солор ва хирадманд мегардад. Ҳар қадаре ки ба ин ганҷи ноёб рӯ биёрем, ҳамон қадар хираду заковатамон афзун хоҳад шуд. Воқеан ҳам мутолиаи китоб роҳи расидан ба орзуҳои моро осон мекунад.
Хонае, ки китоб надорад ба манзили торику танг шабоҳат дорад, ин ганҷ зебоиро мепарастад ва меҳру садоқатро дар дил мекорад. Як китоби хуб метавонад ҳазорон дили сангину золимро чун мум нарму чун об соф гардонад. Маҳз ана ҳамин бузургии китоб аст, ки ҳама аз он қадрдонӣ мекунанду ба он арҷ мегузоранд.
Дар кишвари мо бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол бо мақсади дастгирии аҳли адаб бо истифода аз Фонди Президенти кишвар 70-80 номгӯи осори шоирону нависандагон ба нашр мерасад, ки ин таваҷҷуҳи бевоситаи Ҷаноби Олӣ мебошад.
Боиси таассуф аст, ки боз ҳам дар ҷомеаи мо бархе аз шахсони ҷоҳиле ҳастанд, ки нисбати ин ганҷи муқаддас беаҳамиятӣ зоҳир карда, китобҳоро хору залил месозанд. Дуруст аст, ки мутолиаи китоб аз шабакаҳои интернетӣ моро хаста мекунад, ба чашм зарар дорад ва истифодаи он ба ҳар шахс муяссар намегардад. Яъне барои китобро дастрас кардан аз шабакаҳои интернетӣ маблағ сарф мешавад. Оё ин беҳтар нест, ки ба китобхона рафта, китоби дилҳоҳамонро ройгон дастрас карда, мутолиа намоем.
Албатта мутолиаи китоби хуб метавонад инсонро аз ҳама гуна хавфу хатар наҷот дода, шахсро ба мартабаҳои баланд расонад. Мо ҷавонон бояд соҳибилм бошем, зеро Пешвои миллат дар ҳар Паём иброз медоранд, ки «Ҷавонон набояд дониш, ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст диҳанд». Ин ҳама гуфтаҳои Пешвои миллат аз он шаҳодат медиҳад, ки ояндаи миллат дар дасти мо ҷавонон аст, мо бояд ба он кӯшем, ки саҳми арзандаи худро барои пешрафти ҷомеа, барои пешравии кишвари азизамон гузорем.
Наврӯза ЧАЛИШОВА,
омӯзгори кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик