Чанд рӯз мешавад, ки дар сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба  изҳороти намояндаи Ҷумҳурии Қирғизистон, ки мехостаанд Ворухро ба ивази баъзе аз заминҳо ба Қирғизистон ҳамроҳ кунанд, нофаҳмиҳоро ба миён овардааст.

Агар ба андешаҳои таърихшиносон, сиёсатшиносону ҷомеашиносон ва коршиносони соҳа назар афканем онҳо ба хулоса омадаанд, ки Ворух – пораи воқеиву ҳақиқии кишвари мо – Тоҷикистон аст.

Мо мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як ваҷаб обу хоки муқаддаси Ватани азизамонро ҳифз мекунем ва баробари ободу зебо гардонидани ин гӯшаи кишвари азизамон – Ворухро дар оянда ба насли ҷавон мерос мегузорем. Дар саҳфаҳои таърих як пораи Тоҷикистон будани Ворух дарҷ гардидааст. Ин ҳақиқати бебаҳс аст, ки мутаассифона, қирғизон, бе ягон асос даъвои заминҳои мазкурро доранд.

 

Ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ворух бори дигар собит месозад, ки иттиҳоди мардуми мо иттиҳоди воқеӣ аст ва нангу номуси миллат поравҷост. Ин ташаббусҳо моро водор месозад, ки ҳамеша дар фикри ҳимояи Ворух бошем.

 

Халқи мо даъвоҳои беасоси қирғизонро оид ба марзи баҳсталабро рад намуда, умедворем, ки масъалаи мазкур бо роҳи мусолиҳа ҳалли худро меёбад ва ҳамеша омодаем пораи хоки кишвари азизамон – Ворухро бо баҳои ҷон ҳифз намоем.

 

Давлатзода Сайфиддин Хайриддин,

ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав