Истифодабарандаи компиютерро зарур аст, ки аз тарзу усулҳои безарари истифодаи компютер бохабар бошад ва донад, ки дар назди экрани компютер аз меъёр зиёд нишастан ба саломатии инсон зарар дорад.

Қоидаҳои асосии истифодаи компютер чунин аст:

-ҳуҷраи компютерӣ бояд фаррох ва равшан бошад. Рӯшноии табиӣ аз сунъӣ беҳтар аст;

-ҷойи кор бояд аз мизи корӣ (барои гузоштани монитор, сафҳакалид ва муш), ҷевончаи ҳуҷҷатгузорӣ, курсии махсуси нишаст ва поймонак иборат бошад;

-андозаи мизи корӣ вобаста ба андозаҳои монитору сафҳакалид муайян карда шуда, баландии он мувофиқи баландии қадди истифодабаранда танзим карда мешавад;

-барои кори бофароғат аз роҳаткурсии махсуси ҳаракаткунанда истифода бурдан лозим аст;

-масофаи байни экрани монитор аз чашмони истифодабаранда бояд тақрибан 50-70см бошад;

-азбаски нурафшонии монитор ҳамеша дар қисми муқобили экран зиёдтар аст бинобар он ҷойи нишастро дар ҳуҷра дуруст интихоб бояд кард;

-пас аз ҳар 30 дақиқаи коркардан дар компютер шахси коркунанда бояд бояд 5-10 дақиқа танаффус дошта бошад.

Аз ин рӯ, ҳар яки моро лозим аст, ки ҳангоми истифодаи компютер ба қоидаҳои он риоя намуда, саломатии хешро бардавом нигаҳ дорем.

Сайдамир АСРОРЗОДА,

донишҷӯи курси з-юми факултетаи математика – информатика