Зарурияти дар шахс ташаккул ёфтани ҷаҳонбинии илмиро одамон кайҳо боз дарк кардаанд. Халқ беасос нагуфтааст, ки «Ҷаҳондида бош, на ҷаҳонхӯрда». Ба ақидаи банда, маънии ин суханҳо танҳо ҷаҳонро гаштану ба чашми хеш дидан набуда, балки моҳияти асосияш ҷаҳонро дуруст дарк кардан, фаҳмидан ва нисбати воқеаву ҳодисаҳо хулосаҳои даркорӣ баровардан аст.

Мо ақидаамонро оиди ин масъала бо чунин далелҳо асоснок менамоем, ки олимону мутафаккирони давру замонҳои гузашта, аз он ҷумла классикони бузурги адабиёти форсу тоҷик мардумро мудом ба омӯзиши илму дониш даъват мекарданд. Илму дониш ва ақлу хирад лаҳзаҳои муҳимми ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ маҳсуб меёбанд. Аз тарафи муаллим дар чараёни ташаккул додани ҷаҳонбинии илмии хонандагон ба ҳисоб гирифтани ин ҳолатҳо масъалаи хеле муҳими педагогию психологӣ ба ҳисоб меравад.

 

Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки ҷаҳонбинии илмии шахс дар муносибати бошууронаи вай ба меҳнату фаъолият, дар дуруст баҳо додан ба воқеаву ҳодисаҳои табиату ҷамъият, дар ҳисси баланди масъулиятнокӣ ба вазифаҳои шаҳрвандии худ, дар ҳиссиёти баланди ватандустӣ, инсондустӣ, интернатсионалӣ, дар сифатҳои баланди ахлоқӣ ва ақидаю эътиқодҳои сиёсӣ, маънавӣ, эстетикӣ ва пурра ба нишондодҳои илмӣ асосёфта ифода мегардад.

 

Меҳроҷиддин ХОҶАЕВ,

донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси сиёсат ва идораи давлатӣ