Ба тамоми аҳли ҷомеа маълум аст, ки вақтҳои охир хатари глобалии терроризм ва экстремизм ҳамаи аҳли башарро таҳдид карда истодааст. Муттаасифона ҳар қадар алайҳи терроризм ва экстремизм мубориза бештар шавад, ҳамон қадар ин ҷиноят рӯ ба афзоиш мениҳад. Вале дар марҳилаҳои гуногуни зиндагӣ бинобар сар задани чунин ҷиноятҳо сабабҳо ва омилҳои айнӣ ва зеҳнӣ унсурҳои таъминкунандаи ваҳдат ва сохти конститутсионӣ халалдор шуда, боиси парокандагӣ ва ҳатто нобудии қавмҳо, миллатҳо ва давлатҳо мешаванд.

Масъалаи пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбҳои экстремистию терористӣ имрўзҳо ҷомеъаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Зеро ки ин амалҳои номбурда аз ҷиҳати ислом ҳам нодуруст мебошад ва инсонро ба роҳи гумроҳӣ мебарад, баъзе ҷавонони ноогоҳ аз фарҳангу арзишҳои миллии худ ба доми фиребгарону ҷаллобон афтида, ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию терористӣ шомил шуда, ҳаёти осиштаи худро барбод медиҳанд. Онҳое, ки фирефтаи душмани миллати тоҷик, халқу ватани Тоҷикистон мешаванд, дурандеш нестанд ва худ намедонанд, ки ба кадом роҳ рафта истодаанд. Хусусан, намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию терористӣ дар хориҷи кишвар ҳастанду тавассути шабакаҳои интернетӣ ҷавононро фирефта намуда, ба доми худ мекашанд.
Имрӯз, дар раванди ҷаҳонишавӣ тамоми қишрҳои ҷомеа ва воридшавии афкори гуногуни бегона ба ҷамъият ягона роҳ барои решакан намудани зуҳури ҳар гуна гурӯҳу ҳаракатҳои тундгаро ва ифротӣ, махсусан дар заминаи ақидаҳои динӣ, пеш аз ҳама вазорату идораҳои дахлдорро зарур меояд, ки ба баланд бардоштани сатҳи донишҳои дунявию динии ҷавонон мусоидат намоянд.
Олимону коршиносон оид ба сабабҳои пайдоиши терроризм як қатор корҳои тадқиқотиро ба анҷом расонидаанд. Онҳо ба хулосае омаданд, ки фаъолияти террористонро ҳеҷ вақт ҳимоя кардан лозим нест.
Мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, бедор сохтани тарсу ваҳм дар иродаи одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ равона шуда, тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатист. Чунин ҳаракатҳои ҷинояткорона бо мақсади маҷбур сохтани мақомоти ҳокимияти давлатӣ барои қабули қарори ғайриқонунӣ, ки ба манфиати онҳост ва ё бо мақсади резонидани обрў ва манзалати мақомоти давлатӣ, амалӣ карда мешаванд.
Дар масъалаи бартараф кардани сабабу шароитҳое, ки ба содир шудани ин қабил ҷиноятҳо оварда мерасонад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қишрҳои ҷомеа ҳамаи чораҳои таъсирбахш андешида шуда истодаанд, аз қабили баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, зиёд кардани ҷойҳои нави корӣ, ҷалб намудани ҷавонон ба варзиш, ташаккул додани мафкураи баланди ватандустию ватанпарастӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ, сохтани масҷидҳои замонавӣ, табъу нашр кардани китобҳои динӣ ба забони модарӣ, ташкили барномаҳои динию ахлоқӣ дар садову симо, чопи мақолаҳо дар газетаю маҷҷалаҳо. Ин ҳама чорабиниҳо дар барномаҳои дурнамои тараққиёти имрўзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ таҷассум ёфтааст.
Ҷавонони имрузаи моро мебояд дар чунин замонӣ пуртазоди иттилоотӣ ҳушорию зиракиро аз даст надиҳанд, зери сиёсати дурандешона ва сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошанд. Мо боварии комил дорем, ки ҷавонони имрузаи мо бо як ҳисси баланди ватандустию ватанпарасти дар паҳлуи Пешвои миллат ва халқи азизамон меистанд ва аз марзу буми кишвари маҳбубамон ҳимоят менамоянд. Ин аз хиради аззалии халқи тоҷик дар тули таърих гувоҳи медиҳад. Мо амалҳои экстремистию терористиро маҳкум мекунем.
Наргис НУРАЛИЗОДА,
раиси бонувони донишгоҳ