Осори арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари аҳамияти илмиву таърихӣ, дар тарбияи худшиносии миллӣ ва баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии ҷавонон нақши муҳим дорад.

Махсусан, асарҳои таърихии Пешвои миллат оид ба шинохти шахсиятҳои таърихию сиёсӣ бо номи “Чеҳраҳои мондагор”, “Уфуқҳои истиқлол”- муарифкунандаи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошад ва эҳёи ваҳдати миллӣ, “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён”- ки гӯёи таъриху тамаддуни ниёгони ориёии мо то истилои араб дар заминаи манбаъҳои боэътимоди таърихӣ ва тадқиқотҳо ва сарчашмаҳои таърихии пурмуҳтавои олимони ватанию хориҷӣ мукаммал гардонида шудааст, дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон нақши басо бузургу шоиста мегузоранд.
Асари «Чеҳраҳои мондагор» дар асоси осори илмию таърихӣ ва маърӯзаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардида, арзиши беандозаи илмӣ, маънавӣ ва тарбиявӣ дорад. Китоби мазкур дар арафаи таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таҳия гардида, дар бораи ҳаёту фаъолият ва хизматҳои пурарзиши 25 нафар чеҳраҳои мондагор барои имрӯзиён муаррифӣ гардидаанд.
Дар китоб ҳамчун чеҳраҳои мондагори таърихӣ, маълумотҳо аз хусуси ҳаёту зиндагии шахсони таърихӣ, Куруши Кабир, Спитамен, Зардушт, Имоми Аъзам, Исмоили Сомонӣ, инчунин доир ба ҳаёту фаъолияти намояндагони адабиёти классикӣ ва муосир – Абӯабдулло Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Садриддин Айнӣ,Сотим Улуғзода ва шахсиятҳои сиёсӣ, аз ҷумла, Бобоҷон Ғафуров, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шотемур маълумотҳо гирд оаварда шудаанд, ки омӯзиши ҳаёту фаъолият ва корнамоиҳои ин чеҳраҳои ниёгон дар тарбияи фавонон нақшгузор аст.
Китоби дигари Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Уфуқҳои Истиқлол” ном дошта, арзиши баланди илмию сиёсӣ ва ифодакунандаи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошад. Китоби мазкур аз оғози солҳои ба даст овардани давлатдории миллӣ, яъне аз солҳои навадуми асри 20 оғоз гардида, то воқеаҳо ва дастовардҳои халқи тоҷикро дар даврони 25 соли Истиқлолияти давлатӣ дар бар мегирад. Муалиф дар бораи рузҳои сахти рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ, мукаммал намудани сохторҳои давлатдорӣ, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, имзои созишномаи сулҳ ва ризояти миллӣ, бунёди роҳҳои маҳаллию аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилаи дошта, хоса баромадан аз бумбасти комуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва расидани ба истиқлолияти энергетикӣ, диққати махсус зоҳир намудааст.
Хоса, ҳангоми мутолиаи китоби “Уфуқҳои Истиқлол” хонандаи китоб ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар дар бахшҳои муҳими давлатдорӣ, ки бо кушишу талошҳои пайдарҳамӣ ва меҳнати софдилонаи мардуми Тоҷикистони азизамон зери роҳбарӣ ва сиёсати хирадмандони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст оварда шудааст, гирд оварда ба хонанда пешниҳод карда шудааст.
Ҳангоми мутолиаи китоби, “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” хонанда ба масоили таърихӣ, сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии қавми ориёинажоди Осиёи Марказӣ дар робита бо таърихи тамоми эрониён мебошад. Дар китоби мазкур муаллиф ба ташаккули халқиятҳои ориёӣ, густариши тамаддуни он, падид омадани давлатҳои тавоною мутамарказ, нақши аҷдодони мо дар тамаддуни ҷаҳонӣ таваҷҷуҳ зоҳир намудааст.
Аз ҷумла муаллифи китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” Пешвои миллат чунин иброз намудааст: “Ман аз саҳифаҳои куҳани таърихи диёр, аз осори шаҳристонҳои вайронаву нимвайронаи сарзамини аҷдодӣ, аз миёни гарду чанги асрҳо нақши гузаштаро меҷӯям. Мехоҳам пораҳои шикастаро васл кунам, риштаҳои гусастаро бо ҳам бипайвандам, ҳақро аз ноҳақ, ростро аз дурӯғ ҷудо карда, аз сабақҳои таърих панде биомӯзам”.
Мутолиаи асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони муосири ҷаҳонишавӣ, ки ба халқҳои ҷаҳон хатарҳои гуногун, аз ҷумла терроризму экстремизм таҳдид менамояд, саривақти буда, мутолиаи амиқи он дарки худшиносии миллии ҳар як фард, хештаншиносӣ, эҳтирому арҷгузорӣ ба анъанаҳои неки ниёгон, шинохти бузургони миллат ва омӯзиши ҳаёти пурифтихори онҳо нақши муҳим дорад. Омӯзиш ва баҳрабардорӣ аз асарҳоии арзишманди Пешвои миллат – «Чеҳраҳои мондагор» ба тарбияи худшиносии миллии ҷавонон, ифтихор доштан аз ватандорӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва ҳифзи арзишҳои давлатдории миллӣ нақши созгор мегузорад.
Дар ин росто, иқдоми пешгирифтаи Раёсати донишгоҳ доир ба омӯзиш ва ба роҳ мондани силсила чорабиниҳои илмию маърифатӣ дар партави асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, миёни омӯзгорону донишҷӯён самаранок хоҳад буд.
Дар фуроварди сухан, қайд доштан зарур аст, масъалаи омӯзиши асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мутолиаи амиқи онҳо дар баланд бардоштани эҳсоси худшиносии миллӣ, муаррифии дастовардҳои даврони солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа, сабақҳои ибратомӯзи таърих, гузаштаи пурифтихор ва дар шинохти шахсиятҳои тавонову фарзандони бузурги халқ, нақши калиди мегузорад.
Эмомалӣ НАБИЗОДА,
омӯзгори факултети сиёсат ва идораи давлатӣ