Бузургиро аз наздик на ҳамеша пай бурдан мумкин аст. Мо баландию ҳашамати қуллаҳои осмонбӯсро дар пойгоҳу доманакӯҳ истода муайян карда наметавонем. Бузургию ҳашаматро фақат он вақт ба пуррагӣ фаро гирифтан мумкин аст, ки агар онро аз дур истода, амиқтар мушоҳида кунем. Ҳамин ҳолат дар бисёр ҳодисаҳои таърихӣ рӯй медиҳад. Инсоният аҳамияти ин воқеаҳоро дар гармогармии таассуроту мушоҳидаҳо сари вақт сарфаҳм рафтаву баҳо дода наметавонад.

Чунки ҳар қадар мо аз воқеаҳо дуртар шавем, донишҳоямон, таассуротамон дар бораи онҳо ҳамон қадар пурратару комилтар мегардад ва ба он ҳодиса далелҳои дигари таърихӣ зам мешавад. Дар чунин ҳолат мо имкон меёбем, ки рӯйдоди таърихии мавриди назарамонро дар мушоҳида биёмӯзем. Айни ҳол манзурамон таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва муборизаи дастҷамъонаи ҳамаи халқҳои шӯравӣ ба муқобили Олмони фашистӣ мебошад. Солҳо яке аз паси дигар мегузаранд, дигар мешаванд, сохтҳои ҷамъиятӣ тағйир меёбанд, давлатҳои том барҳам мехӯранду ҷои онҳо давлатҳои дигари мустақил дар харитаи дунё ба вуҷуд меоянд.

Аммо аҳамияти оламшумули Ғалаба бар фашизми гитлерӣ ҳаргиз кам нашудааст, балки дар радифи ҳодисаҳои имрӯза ин Ғалаба бештар аз ҳар вақти дигар тобноктар, бузургтару шукӯҳмандтар метобад. Насле, ки ҳоло зиндагӣ дорад, тантанаҳои ҷашнгирии аввалин иди Ғалабаи 9 майи соли 1945-ро аз наворҳои синамо борҳо тамошо кардааст. Мо ҷашнҳои 30-солагӣ, 40-солагӣ, 45-солагӣ, 50-солагӣ, 55-солагӣ, 60-солагӣ65-солагии Ғалаба, 70-солагии Ғалаба, 75-солагии Ғалабародар ёд дорем. Ва ҳар андоза ба ин рӯйдоди таърихӣ солҳои бештаре зам мешаванд, ҷашнҳои он низ ҳамон қадар тантананоктару бошукӯҳтар мегузаранд. Гарчанд барои мо, тоҷикон хатти ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳазорҳо километр дуртар воқеъ буд, дар диди аввал, албатта фарди огаҳу хирадманд бошад, медонад, ки мо он вақт як Ватан доштем ва он Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ғалабаю муваффақият аз они ҳамаи халқи Шӯравӣ буд. Ва агар фашистон, Маскавро ишғол мекарданд, гумон буд, ки Тоҷикистони аз Маскав ҳазорҳо фарсах дур аз ин воқеаҳо барканор мемонд.

Чунки фашизм ҷаҳонбиниест, ки дунёро таҳти тасарруфи худ дароварданӣ буд, ба тамоми арзишҳои умумибашарӣ таҳдид мекард, бо муқобилгузории миллатҳо рӯҳияи инсонбадбиниро парвариш медод. Инро набояд фаромӯш кард ва бояд дар ёд дошт. Бинобар ҳамин 9 майи ҷашни 76-умин солгарди Ғалабаро бар фашизм ҳамаи он халқҳое, ки давоми панҷ соли тӯлонии Ҷанги Бузурги Ватаниро бо ғалаба бар фашизм ба анҷом расониданд, ба таври муштарак ид мекунанд ва он иди Ғалабаи ҳамаи халқҳои шӯравии собиқ ба шумор меравад.

Дар мавқеи марказии ҷабҳаи Иттиҳоди Шӯравӣ ва Олмони фашистӣ барои «дарвозаи Смоленск», ки байни дарёҳои Днепр ва Двинаи Ғарбӣ воқеъ буд, муҳорибаҳои шадид ҷараён гирифт. Ғалаба дар ин мавқеъ ба озод намудани сарзамини Белоруссия имконият медод. Ҷанговарони мо ҳангоми аз дарёи Днепр гузаштан корнамоиҳои бемислу монанд нишон додаанд. Лашкари Сурх дар давоми соли 1944 ҳам ба душман як қатор зарбаҳои ҳалокатовар зада, мамлакатро аз фашистони истилогар пурра озод намуд. Ҳамчунин як қатор давлатҳои Аврупо – Лаҳистон, Чехословакия, Булғория, Югославия, Маҷористон, Руминия аз дасти фашистон озод карда шуд.

Моҳи майи соли 1945 байрақи Ғалаба дар лонаи Олмони гитлерӣ – Берлин барафрохта шуд. Баъди ин ҷанг бо истилогарони Япония шурӯъ шуд, ки бо Олмон иттифоқ баста, сарҳадҳои шарқии мамлакатамонро рахна мекард. Ин ҷо низ дар муддати кӯтоҳ ғалаба ба даст оварда шуд. Ҳамин тавр ниятҳои фашистони Олмон, ки мехостанд сарзаминҳои паҳноварро ишғол кунанду халқу миллатҳои мухталифи дар онҳо маскунро ғуломвор кор фармоянд ва дар дунё як империяи золимонаву истибдодӣ бунёд намоянд, барбод рафт. Бо қувваи тавонои Артиши Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҷангҳои харобиовар, қатлу куштори одамони бегуноҳ хотима дода шуд.

Ҷанг ба Иттиҳоди Шӯравӣ талафоти зиёд овард. Дар давоми он 27 миллион нафар сокинони кишвар ба ҳалокат расиданд, миллионҳои дигар маъюбу маслуқ шуданд. Ҳазорон шаҳру деҳаҳо ба харобазор табдил ёфтанд, соҳаҳои саноату кишоварзӣ зарари зиёд диданд. Иқтисоди мамлакат чанд панҷсола қафо партофта шуд. Ҳамин аст қиммату арзиши он Ғалабаи бузурге, ки халқҳои Шӯравӣ дар рафти панҷ соли муҳорибаҳои вазнини Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба даст оварданд. Халқи тоҷик низ баробари дигар халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин Ғалабаи таърихӣ саҳми сазовор гузоштааст. Солҳои ҷанг ҳар як шашумин сокини Тоҷикистон ба сафҳои Қӯшуни Шӯравӣ даъват шуда буданд.

Барои корнамоиҳои ҷангӣ 64 нафар фиристодагони Тоҷикистон сазовори унвони олии – Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ гардидаанд, ки аз онҳо 22 нафарашон фиристодагони Хатлон мебошанд, инчунин зиёда аз 50 ҳазор нафар сокинони ҷумҳурӣ бо нишонҳои Ҳукуматӣ мукофотонида шуда буданд. Намояндагони Тоҷикистон дар ҳамаи муҳимтарин ва шиддатноктарин муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок карданд. Дар ҷангҳои тобистони соли 1943 тоҷикзанон низ иштирок доштанд. Лётчикдухтар Ойгул Муҳаммадҷонова ҳангоми ҳамла ба мавқеи душман захмин гардид, нишонгири экипажаш ҳалок шуд. Вай мӯъҷизавор тайёраашро аз оташи душман наҷот дода, ба мавқеи қӯшунҳои мо фуруд омад.

Ҳайати фармондеҳии ҷабҳа О. Муҳаммадҷоноваро, ки ба мавқеи душман 93 парвози ҷангӣ кардааст, ба гирифтани нишони Ленин пешбарӣ намуд. Хулоса, барои зикри номи ҳамаи он диловарон, намояндагони халқи тоҷик, ки дар ҷанги зидди истилогарони фашистӣ ҷонбозиҳо кардаанд, ин чанд саҳифа камӣ мекунад. Наслҳои нав ба нави кишварамон дар мисоли собиқадорони ҷанг сабақи ватандорӣ, садоқат ба қасами ҳарбӣ, далерию мардонагӣ ва иродатмандӣ мегиранд. Онҳо мавриди таваҷҷуҳ ва ғамхории ҳамешагии аҳли ҷомеа қарор доранд.

Зимни фармонҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нафақаи иштирокчиёни ҷанг чанд маротиба зиёд карда шуд, инчунин онҳо аз имтиёзҳои дигари иҷтимоӣ истифода мебаранд. Таҷрибаи ҳаёти рӯзгори ибратомӯзи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ машъали раҳнамоест, ки ҷавонони муҳофизи Ватанро ба иҷрои содиқонаи қарзи ҳарбӣ ҳидоят мекунад.

Давлаталӣ АЛИМОВ, мудири кафедраи таърихи умумӣ