1-уми июни соли 2021 дар Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ мизи мудаввар дар мазӯи “Асосҳои илмии гуногунии биологӣ ва бехатарии биологӣ” баргузор гардид.

Нахуст бо сухани ифтитоҳӣ Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав баромад намуда ба кори мазкур барор хост.
Сипас , Н. Сафаров, доктори илмҳои биологӣ, профессор оид ба мафҳум, моҳият ва беҳдошти гуногунии биологӣ суханронӣ намуданд. Ҳамчунин, оид ба масъалаҳои гуногунии биологӣ, эҳтиром ба он, андешидани чораҳо барои ҳифзи он, рушди туризми экологӣ дар Тоҷикистон, зеҳни сунъӣ дар экология ва баланд бардоштани сатҳи маърифат дар байни аҳолӣ ба омӯзгорону донишҷӯён маълумоҳои муфид ва саривақтӣ пешниҳод карда шуданд.
В. Лекаркин, оид ба бехатарии биологӣ аз рӯи протоколи Кархенӣ маълумо доданд. Иштирокчиёни мизи мудаввар ба мувофиқа расиданд, ки ҷорӣ намудани ташаббусҳои экологӣ дар байни аҳолӣ, ҷорӣ намудани ҷамъоварии алоҳидаи партовҳо, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои гуногуни экологӣ ва баланд гардидани маърифати экологии шаҳрвандон ва ҳифзи захираҳои табиӣ мусоидат мекунанд.
Дар мизи мудаввар таъкид гардид, ки гуногунии биологӣ, аз ҷумла экосистемаҳо, асоси нигоҳдории ҳаёт дар рӯйи Замин аст ва захираҳои биологӣ ганҷинаи умумибашарианд.
Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ