Ҷаласаи навбатии кафедраҳои технологияҳои иттилоотӣ ва методикаи таълими информатика, системаи автоматикунонии коркарди ахбор шабакаи факултети математика-информатика имрӯз 26-уми июни соли 2021 бо пешдифои рисолаи номзадии омӯзгори кафедра Насимҷон Наимзода баргузор гардид. Рисолаи илмии муҳокимашаванда дар мавзӯи “Такмили таъминоти иттилоотии автоматонидашудаи бозори хизматрасонии сайёҳӣ (дар асоси маводҳои вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон)” бахшида шудааст. Дар он профессорону…
МуфассалИмрӯз 26-уми июни соли 2021 дар факултети менеҷмент ва низоми гумрук ҳисоботи солонаи факултет бо иштироки Саид Холматов, намояндаи Раёсати донишгоҳ, роҳбари таҷрибаи омӯзгории фанҳои гуманитарии донишгоҳ, Хурсанд Ҳамдамзода, декани факултет, ҷонишинони декан, мудирони кафедра ва омӯзгорон иштирок намуданд. Хурсанд Ҳамдамзода, декани факултет баромад намуда оид ба фаъолияти кории кафедраҳо ҳисобот дод.
МуфассалПаёми табрикии ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав профессор Давлатзода Сайфиддин Хайриддин ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ Устодону шогирдон ва ҳамкасбони арҷманд! Чархи таърих ҳар қадар пештар ҳаракат кунад, ҳамон андоза бузургӣ ва шаҳомати Ваҳдати миллии тоҷикон бештар аён мегардад. Ваҳдат беҳтарин неъмат, орзуву омол, таҳкими давлат, наҷоти миллат ва рушду нумуи ҷамъият…
МуфассалБо овоздиҳии якдилонаи вакилони дар конференсияи IX ҳисоботию интихоботии Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ таъин шуд. Конференсия масъалаҳои ҳисоботи Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ дар бораи фаъолият аз 17 апрели соли 2014 то 26 июни соли 2021 ва вазифаҳо барои давраи нави ҳисоботӣ, ҳисоботи Комиссияи назоратию тафтишотӣ, интихоби ҳайати нави Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ,…
МуфассалИмрӯз 24-уми июни соли 2021 дар толори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ, муовинони ректор, деканҳои факултет ва омӯзгорон ширкат варзиданд. Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ оғоз карда, ба ҳозирин ва дар шахсияти…
МуфассалИмрӯз 24-уми июни соли 2021 дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар аз 24-уми июни соли 2021 №77 яке аз кӯчаҳои маҳаллаи Истиқлоли шаҳри Бохтарро ба номи Ҳасани Муродиён гузошта шуд. Дар вазияти тантанави Қарори номгузории яке аз кӯчаҳои маҳаллаи Истиқлоли шаҳри Бохтар ба номи шодравон Ҳасани Муродиён ба писарашон Зокир Ҳасан аз ҷониби…
МуфассалИмрӯз дар факултети техникӣ ва технологӣ бо иштироки Диловар Ҷаборзода, ҳуқуқшиноси донишгоҳ, Кибриё Мирзозода, сардори Раёсати робитаҳои байналмилаӣ, Файзиддин Муродзода, декани факултет ва омӯзгорон ҳисоботи солонаи факултет доир гардид. Нахуст, Файзиддин Муродзода, декани факултет баромад намуда дар назди иштирокчиён ҳисобот дод. Гуфта шуд, ки соли 2009 факултети технология ва ташкили ҳаракати автомобилӣ ташкил карда шуд.…
МуфассалМирзозода Меҳриддин Шамсуддин, омӯзгори кафедраи назарияи иқтисодии факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намуд. Мирзозода Меҳриддин Шамсуддин дар мавзӯи “Танзими савдои хизматрасониҳои хориҷӣ дар низоми бисёрҷонибаи савдо” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ, зери роҳбарии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қодирзода Диловар Баҳриддин ҳимоя гардидааст.
МуфассалВаҳдати миллӣ муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу неруи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад. Мо ин ҷашни муқаддаси миллиро бояд чун гавҳараки чашм пос дорем, ифтихор аз Ватану ватандорӣ ва ваҳдату якпорчагии Тоҷикистони азиз кунем. Солҳои 1992-1997 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷангу низоъҳои хунин миёни тоҷикон боиси хисороти зиёди моливу ҷонӣ…
МуфассалАз 21-ум то 25-уми июни соли 2021 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявии кушод оид ба шоҳмот байни 43 дастаҳои устодону кормандони макотиби олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар мусобиқа Собирҷон Маҳмадёров, корманди рӯзномаи “Фурӯғ” дар он иштирок карда барои ишғоли ҷойи 1-ум соҳиби Ҷом, диплом ва Сипосномаи…
Муфассал