Имрӯз 24-уми июни соли 2021 дар толори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ, муовинони ректор, деканҳои факултет ва омӯзгорон ширкат варзиданд.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ оғоз карда, ба ҳозирин ва дар шахсияти онҳо ба ҳамаи ҳамватанони Тоҷикистон сулҳу осоиш, бахту саодат ва комёбиҳои беназирро орзу намуд.
Гуфта шуд, ки мардуми Тоҷикистон, баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, дигар дастоварди бузургтарине, ки дар ин давра ба он муваффақ гашт, Ваҳдати миллӣ буд. Ҳамаи он пешравиҳо ва дастовардҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангие, ки халқи Тоҷикистон дар 24 соли охир ба даст овардааст, ба Ваҳдати миллӣ иртибот дорад.
“Мо бояд онро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дорем, аз гузашта сабақ гирифта, тамоми илму дониш, ақлу хирад ва таҷрибаи зиндагии худро ба он равона созем, ки озодии Ватан, Ваҳдату ягонагии миллат ва пойдории сулҳу оромӣ дар Меҳани азизамон абадан пойдору устувор монад”,- афзуд ректори донишгоҳ.
Ҳамчунин, дар чорабини омӯзгорони факултети сиёсат ва идораи давлатӣ Диловар Саидзода, Самандари Раҷабалӣ, Эмомалӣ Набизода ва Абдулқодир Абдусаломзода бо маърӯзаҳои вобаста ба Ваҳдати миллӣ баромад намуданд.
Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ