Паёми табрикии ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав профессор Давлатзода Сайфиддин Хайриддин ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Устодону шогирдон ва ҳамкасбони арҷманд!
Чархи таърих ҳар қадар пештар ҳаракат кунад, ҳамон андоза бузургӣ ва шаҳомати Ваҳдати миллии тоҷикон бештар аён мегардад. Ваҳдат беҳтарин неъмат, орзуву омол, таҳкими давлат, наҷоти миллат ва рушду нумуи ҷамъият аст. Ваҳдати миллӣ нишони шукуфоии Ватан маҳсуб меёбад, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад. Танҳо бо роҳи ваҳдату якдигарфаҳмӣ метавон истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор кард. Ваҳдати миллӣ танҳо ягонагии тоҷикон нест, балки ваҳдати тамоми сокинони ҷумҳурӣ, аз ҷумла тоҷик, ӯзбек, рус, туркман, қазоқ ва дигар миллату халқиятҳои кишварамон мебошад.
Дарвоқеъ, ваҳдати миллие, ки дар сарзамини маҳбубамон – Тоҷикистон пайрезӣ ва устувор шуда истодааст, дар ибтидо тавонист баҳри таъмини густурда ва устувори иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангиву иқтисодии ин сарзамин мусоидат намояд. Ваҳдати миллии Тоҷикистон нахуст дар хомӯш кардани оташи даргириҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқрори сулҳу Ваҳдати миллӣ нақши боризе гузошт, ки тамоми ҷомеа мунтазираш буданд.
Бояд иқрор шуд, ки сарчашмаи ба ваҳдат гаравидани мардуми тоҷик дар замони ҷанги ҳамватанӣ суханони пурихлос ва содиқонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сессияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд боис гардид. Ифодаи «Ваҳдати миллӣ» чун аз забони Сарвари давлат шунида шуд, намояндагони мардум ва тамоми халқи Тоҷикистон ин мафҳумро дар дилу дида ва маѓзу устухони худ ҷой доданд. Бешубҳа, ин сухани муқаддас тамоми хурду бузурги кишварро ба далериву шуҷоат, мардонагӣ, эҳсоси баланди Ватану ватандорӣ ҳидоят карда, фаҳму тафаккури миллионҳо ҳамватанонро ба мафҳуми ватанпарастӣ ва ваҳдати миллӣ пайванд кард.
Ҷойи ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯз ҷомеаи инсонӣ, бахусус сиёсатшиносони ҷаҳон, барои татбиқи таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон дар кишварҳои ҷангзада паҳлуҳои гуногуни онро меомӯзанд ва барои амалӣ намудани сулҳу ризоияти миллӣ ҷаҳду талош меварзанд. Ногуфта намонад, ки раванди таҳкими ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳу оштӣ нуфузу манзалати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бурд ва ҷойгоҳи Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмонро дар пешниҳод ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли масъалаи зиёди ҳаётан муҳими минтақавиву байналмилалӣ рафъат бахшид.
Имрӯзҳо мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки дар солҳои Истиқлолият Ваҳдати мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла Ваҳдати сиёсӣ, иқтисодӣ, маънавӣ зина ба зина устувору қавитар гардид. Тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд: “Вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар кадоми мост, ки ҳатто як лаҳза ҳам масъалаи ҳифзи давлату таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро фаромӯш накарда, Ваҳдати миллиро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем”.
Воқеан, дар натиҷаи азму талош ва ҷонбозиҳои зиёд хиради азалии халқи тоҷик собит сохт, ки Ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмии афроди ҷомеа муҳимтарин омили пешрафти давлату миллат мебошад. Маҳз бо шарофати ин рӯйдоди муҳими таърихӣ мо тавонистем, ки аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар мамлакат барқарор гардонида, пояи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қавӣ намоем. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки дар Ватани азизамон Ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ фароҳам оварда шуд.
Имрӯз бояд Ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Аз гузашта сабақ гирифта, тамоми илму дониш, ақлу хирад ва таҷрибаи зиндагии худро ба он равона созем, ки Ваҳдати миллӣ пойдору устувор монад, зеро ки Ваҳдат номаи тақдири миллат, шарти пешрафти Ватанамон ба сӯйи ояндаи орому осуда, кафили сарҷамъию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст. Ваҳдат сароғози комёбиҳову ободкориҳои мо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва некӯаҳволии ҷомеаи навин мебошад. Махсусан худогоҳию худшиносии миллии мо, тоҷикон ба Ваҳдат иртиботи қавӣ дорад, чунки маҳз Ваҳдат наҷотбахш ва кафили фардои дурахшони мост.
Кулли сарварони дунё ва ходимони сиёсию фарҳангии ҷаҳон сиёсати сулҳхоҳонаи Тоҷикистонро дар симои Сарвари давлат шинохтаю дарк намуданд, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои воқеӣ мардумро сӯи ояндаи обод ва дурахшон ҳидоят намуд. Аз ин лиҳоз, Эмомалӣ Раҳмон муаллифи барномаи нави ҷаҳонии Сулҳи тоҷикон аст ва имрӯз оламиён онро эътироф карда, таҷрибаи сулҳи тоҷиконро омӯхта истодаанд.
Аз ин рӯ, ҳар як фарди бонангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпарвар дар қалбу шуури худ барои таҳкиму тақвияти Ваҳдати миллӣ ҳамчун арзиши нодири милливу дастоварди бебаҳои замони истиқлолият талош намуда, ба ҷудоиандозӣ, бегонапарастӣ, равияҳои гуногуни динӣ ва падидаҳои маҳалгароӣ бояд роҳ надиҳад. Барои пойдорӣ ва устувории Ваҳдати миллӣ дар кишварамон лозим меояд, шахсиятҳоеро тарбия намоем, ки дорои тафаккури нав буда, худогоҳ, мустақил, масъулиятшинос, ватандӯст, эҷодкор ва бунёдкору созанда бошанд. Барои ин баланд бардоштани сатҳу сифати раванди таълиму тарбия ва дар рӯҳияи ифтихори миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ ба воя расонидани насли наврас хеле муҳим аст. Пеш гирифтани иқдомҳои шоиста ва меҳрубониҳои давлату ҳукумат ба миллати тоҷик ва махсусан, ба ҷавонон имконият медиҳад, ки дар фазои сулҳу салоҳ илм омӯзанд, аз таъриху фарҳанги ниёгони хеш ифтихор намоянд, таҷрибаҳои пешқадам ва техникаю технологияҳои пешрафтаи ҷаҳони муосирро азхуд намоянд ва барои Ватани худ содиқона хизмат намоянд.
Боварии комил дорем, ки кулли ҷавонони Тоҷикистон, алалхусус донишҷӯён бо зиракии сиёсӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, дониши комил ва андешаҳои солиму созанда минбаъд низ барои рушду нумӯъ ва пешрафти рӯзафзуни кишвари соҳибистиқлоламон саҳми бештар хоҳанд гузошт.
Умедворем, ки Шумо, устодону омӯзгорон чун як фидокори роҳи Ваҳдат дар таъмини пешрафту созандагӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёт, дар кафолати зиндагии осоиштаву пурнишот, бунёди ҷомеаи шаҳрвандии демократӣ ва ҳифзи сарватҳои волои миллат саҳми арзанда мегузоред.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак!
Возможно, это изображение (1 человек, сидит и костюм)