Мардуми тоҷику ӯзбек таъриху фарҳанг, расму оин ва анъанаҳои ба ҳам монанд дошта, дар рушду тавсеаи натанҳо маданияти минтақа, балки ҷаҳон нақши муҳим доранд. Дар заминаи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳамкориҳо дар тамоми соҳаву бахшҳо рушду тавсеа ёфта истодааст.

Санаи 9 ва 10-уми июни соли 2021 дар доираи ҳамкориҳои мутақобила судманд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати бузурги намояндагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташриф оварданд. Мардуми меҳмоннавози Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Хатлон ҳайати гурӯҳи кориро дар сатҳи баланд бо расму оинҳои миллӣ пешвоз гирифтанд. Дар доираи ин сафари корӣ миёни Вазорату Кумита, ташкилоту идора ва муассисаҳои гуногун санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва созишномаҳои гуногунҷабҳа қабул гардиданд, ки ин ҳуҷҷатҳо боз ҳам ба рушди сиёсиву иқтисодии ҷонибҳо таъсири мусбат мерасонад. Дар воқеъ, мардуми ҳар ду кишвар аз барқарор ёфтани муносибатҳои гуногун шоду масрур мебошанд.
Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» дар баробари дигар шаҳрвандони хориҷӣ, ҷавонони Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ таҳсил менамоянд, ки барои онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. – Аз густариш ёфтани муносибатҳои гуногунҷабҳа миёни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон хурду бузурги мардуми тоҷику ӯзбек хушнуд мебошанд. Айни ҳол дар факултетҳои Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» 145 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳсил менамоянд. Барои донишҷӯёни хориҷӣ, аз ҷумла донишҷӯёни Ҷумҳурии Ӯзбекистон шароити мусоиди илмомӯзӣ фароҳам оварда шудааст. Раёсати донишгоҳ дар оянда ба нақша гирифтааст, ки ҳамкориҳои илмиву таҳқиқотиро бо донишгоҳҳои олию касбии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба роҳ монад, – гуфт муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав», номзади илмҳои филологӣ, дотсент Икромиддин Фатҳуллоев.
Қайд намудан зарур аст, ки имрӯз миёни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон санаду созишномаҳои зиёде дар соҳаву бахшҳои мухталиф қабул гардида, дар ин замина натиҷаҳо назаррас мебошанд. – Қабули созишномаву тавофуқномаҳо миёни ширкатҳои истеҳсолӣ ва соҳибкорону тоҷирон пеш аз ҳама ба таҳким ёфтани муносибатҳои дӯстиву бародарӣ ва густариши муносибатҳои иқтисодӣ замина мегузорад. Имрӯз дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ширкатҳои истеҳсолии корхонаҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз ҷумла «Артел» фаъолият дорад, ки дар таъмини молу маҳсулоти босифат дар бозорҳои кишвар мусоидат мекунад.
Дар форуми байниминтақавии сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки дар маркази вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар санаи 9-уми майи соли равон дар сатҳи баланд ташкил гардид, як қатор ширкатҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон молу маҳсулоти истеҳсолии худро ба намоиш гузошта, бо ҳамтоёни худ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки дар он ширкати фаъол доштанд қарордоду гуфтшунидҳо доир гардид. Ин ҳодиса дар пешрафти иқтисодиёти ҳар ду кишвар таъсиргузор мебошад, – қайд намуд Нурализода Наргис номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи молияи факултети иқтисодии донишгоҳ.
Дар ҳақиқат робитаву ҳамкориҳо миёни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон боиси дастгирӣ мебошад.
Сангимурод Шарифов,
номзади илмҳои филологӣ,
саромӯзгори кафедраи рӯзноманигории факултети филологияи тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав,
Возможно, это изображение (2 человека и люди стоят)