«Бо гузашти солҳо, мо аҳамияти таърихии ин ҳуҷҷати сарнавишсоз, қиммати сулҳу субот ва Ваҳдати миллиро бештар дарк ва қадр менамоем, зеро маҳз баракати муттаҳид сохтани нерӯҳои сиёсӣ ва таъмини ризояти ҷомеа мо пеш аз ҳама тавонистем истиқлолоият ва тамомияти арзии Ватани азизамонро ҳифз намоем ва мардуми худро аз парокандагӣ нигоҳ дорем». Эмомалӣ Раҳмон
Тоҷикистон хонадони ҷовидони Ваҳдат аст,
Мардумаш дасти ба даст чун ҳофизони Ваҳдат аст.
Маскани меҳру вафою маскани сулҳу сафо,
Ин диёри нозанини ман ҷаҳони Ваҳдат аст.
Дар воқеъ, қабули Созишномаи Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва рушду густариши тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ замина гузошт. Ба ҳамагон маълум аст, ки баъд аз пош хӯрдани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ чун дигар кишварҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон низ истиқлолияти худро эълон намуд. Мутаасифона, бо таъсиру дахолати душманони дохил ва хориҷи миллат дар кишварамон ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба вуқуъ омада, ба заиф гардидани пояҳои давлатдорӣ боис шуд. Тамоми соҳаҳо рӯ ба танназул ниҳода, дубора умеди барқарор кардани онҳо намонда буд. Хушбахтона, дар ҳамин лаҳзаҳои ҳассосу тақдирсоз ба сари миллату давлати тоҷикон фарзона фарзанди худшиносу худогоҳ, далеру қавиирода, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омада кори худро аз таъмини сулҳу суботи сартосарӣ оғоз бахшид. Миллати тоҷик, ки аз азал миллати сулҳҷӯю хирадпеша ва ваҳдатгарост зуд моҳияти Ваҳдати миллиро дарк намуда, даст ба дасти ҳам ниҳода, барои бунёди ҷомеаи соҳибистиқлолу ҳуқуқбунёд, демокративу дунявӣ ва ягона тамоми неруву қудрати худро сарф намуд. Дар як муддати начандон дури таърих тамоми харобаҳо ба бунёдкориҳо табдил ёфта, зиндагӣ маҷрои нав пайдо кард.
Қайд намудан зарур аст, ки Ваҳдати миллӣ воқеаи нодиру таърихӣ ва сарнавиштсоз барои миллату давлати тоҷик ба ҳисоб меравад. Ваҳдати миллӣ роҳи минбаъдаи рушдро барои мо муҳайё намуд. Дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маврид қайд намудаанд, ки: «Мо соҳибдавлату соҳибватан будани худро бо кору амали созандаю ваҳдатофариамон бояд собит намоем». Шоирону эҷодкорон аз ваҳдати сартосарӣ ифтихор намуда, ин неъмати пурарзишро чунин васфу ситоиш менамоянд.
Ватан аз ваҳдатат пайваста нозам,
Дар оғушат ҳамеша сарфарозам.
Зи ҳастият тафохур мекунам ман,
Ки чун модар ту ҳастӣ дилнавозам.
Ҷойи ифтихор аст, ки ватани маҳбубамон бо гузашти вақту замон ва талошҳои пайгиронаи фарзандони ҷасуру матиниродаи хеш боз ҳам ободу зебо гардида истодааст. Мади назар аз он замонҳое, ки душманони миллат ватани маҳбубамонро ба як макони хоку хун табдил дода буданд. Мардони ҷасури миллат бо иродаи қавии хеш ватанро ба як макони зебо ва соҳиби Истиқлолият ва Ваҳдати миллии сартосарӣ табдил доданд. Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ҳамчун василаи муттаҳидсозандаи миллат дар кишварамон пазируфта шуда, ба таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандии озоду демократӣ замина гузошт. Маҳз бо туфайли суботи сартосарӣ сатҳу некуаҳволии зиндагии сокинон зина ба зина беҳтар гардида, тамоми бахшу соҳаҳои хоҷагии халқ ба таври бесобиқа рушду густариш ёфтанд.
Воқеан ҳам Ваҳдати миллӣ халқи парешонгаштаро бо ҳам сарҷамъ ва муттаҳид намуда, ба сӯи қуллаи мурод роҳнамоӣ намуд. Метавон гуфт, ки маҳз ин рӯйдоди таърихӣ боис гардид, ки халқи тоҷик асли худро хубтар шиносад. Чӣ хуш аст, ки халқи тоҷик дар фазои орому осуда зиндагӣ ва фаъолият доранд. Яъне ин неъмати бебаҳо, Истиқлолияти комилу ваҳдати сартосарӣ бо талошҳои рӯзафзуни мардуми хирадпешаву сулҳҷӯи тоҷик ба даст омадааст. Хушбахтона, хурду бузурги Тоҷикистон хавфу хатари парешониро эҳсос намуда, бо ҳам аз як гиребон сар бароварда, ба бунёди ҷомеаи воқеанҳам, амну осоишта машғул шуданд. Мардуми шарифи тоҷик бояд, тавонанд то абад сулҳу ваҳдатро дар ватани маҳбубамон пойдор нигоҳ доранд. Ин меҳани аҷждодиро рӯз аз рӯз боз ҳам гулгуншукуфонтар бисозанду миллати тоҷикро то абад иттифоқ нигоҳ бидоранд.
Мо имрӯз метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки қабули Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ марҳалаи нави рушду тараққиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистони биҳиштосоямон ба вуҷуд овард. Аз ҳар кадоми мо соҳибватанони бонангу номуси миллат тақозо мешавад, ки ҳамеша барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, хосса Истиқлолият ва Ваҳдати сартосарӣ талош намоем ва агар лозим бошад ҷони худро дар роҳи таъмини оромиву субот бисупорем. Ҳар яки мо соҳибватанон тақозо мешавад, ки барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, ҷалби наврасону ҷавонон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ба ин васила дӯстдории ин меҳани азиз ҳиссагузор бошем. Аз ин фурсати муносиб истифода намуда, тамоми сокинони кишварамонро ба муносибати 24-умин солгарди қабули Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ самимона шодбош намуда, орзуи ҷовидона пойдор мондани сулҳу ваҳдати сартосариро дорам.
Раҷабов Неъмат,
декани факултети забони хориҷӣ,
Шарифов Сангимурод,
саромӯзгори кафедраи рӯзноманигорӣ
Возможно, это изображение (памятник и небо)