Хушо пайки шукуфоӣ, хушо ваҳдат,

Хушо сулҳу масаррат дар дили миллат!

Ин мисраъҳои шеърӣ, ки бо сабки хос ва самимияти тамом эҷод шудаанд, дар саҳфаи аввали нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» рӯзи 27 июни соли 1997 ба мардуми Тоҷикистон пайки сурур, сулҳ ва ваҳдати миллиро расонид.
Дар ин рӯз дар «Президентотел»-и шаҳри Москва Паймони сулҳи тоҷикон баъди тай намудани роҳи бисёр тӯлонию душвори музокирот ба сӯи ваҳдату ягонагӣ ва ҳамбастагии миллӣ, бо хиради олӣ ва наҷобати Сарвари миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари мухолифин Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба имзо расид. Паймони сулҳ ё Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон оғозгари саҳифаи навин ва дурахшони таърихи Тоҷикистони азиз гардид.
Барои ҳифз ва таҳкиму тақвияти сулҳу субот ва ҳамбастагии миллӣ бардошти сабақи таърихӣ аз ин буҳрони печидаи сиёсӣ ва мусибатовар шарти муҳим ва ҳаётӣ аст. Буҳрони хунини Тоҷикистон масъалаи печидатарин ва фоҷиабортарини ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид. Имрӯз бисёр муҳим аст, ки паҳлуҳои мухталифи ин буҳрон, аз ҷумла хислат, мазмун ва вижагиҳои он амиқ ва бисёр огоҳона омӯхта ва тарғибу ташвиқ шавад. Дар ин самт Ҳукумати Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ тадбирҳои зиёдеро анҷом доданд. Таърихи Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон достони ибратомӯз барои мо тоҷикон ва барои ҷаҳониён гардидааст. Таҷрибаи сулҳофарини тоҷикон дар маърази назари донишмандон ва сиёсатмадорон дар сатҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди омӯзиш, таҳлил ва баррасӣ қарор гирифт.
Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 шанс ё имкони хуби таърихиро барои расидан ба ҳадафи бузургтарини умумимиллӣ – таъмини истиқлоли воқеъии Тоҷикистон фароҳам овард. Пеш гирифтани роҳи сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар он рӯзҳо чандон осону бехатар набуд. Даъвати нахустини Ҳукумати навтаъсис бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сулҳ ва музокироти сиёсӣ ҳанӯз дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ садо дод, ки ҷангу зӯровариро ҳамчун василаи ба эътидол овардани вазъи ҷомеа рад намуда, роҳи осоиштаи ҳалли мухолифату низоъи сиёсиро пеш гирифт.
Иҷлосияи 16 Шӯрои Олӣ – оғози раҳоии тадриҷии Тоҷикистон аз фоҷиаи худкушии миллӣ гардид, ки моҳи ноябри соли 1992 дар Хуҷанд баргузор шуд. Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ва фаъолияти минбаъдаи ҳукумати навтаъсис дар шароити сангин сурат мегирифт. Дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул гардид, ки нақши онҳо барои ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар дар он солҳо хеле бузург буд.
Қотеъият, ҷасорат, дурандешӣ, хирадмандӣ, самимият, дарки возеҳи рисолати сиёсии хеш ва вусъати назари роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва фаъолияти некандешонаи дигар шахсиятҳо ва чеҳраҳои мустақили сиёсӣ имкон дод, ки баъди 40 моҳи музокирот ва ҳашт даври он Паймони ниҳоии сулҳ дар Москва – пойтахти Россия ба имзо расид. Дар Эрон 6 маротиба, дар Россия 4 маротиба, дар Туркманистон 3 маротиба, дар Афғонистон 2 маротиба ва дар Покистону Қазоқистон 1 маротиба музокироти сулҳи тоҷикон баргузор шуд. Умуман, дар 8 шаҳр машваратҳои намояндагони ҷонибҳо баргузор шуданд.
Меъмори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сулҳи тоҷиконро маҳсули андешаи миллӣ дониста, таъкид менамояд, ки ваҳдатгароӣ миёни тоҷикон таърихи бисёр қадимӣ дорад ва маҳз хамин фазилат моро ба истиқлол расонид.
Маҳмадкарим ШАРИПОВ,
раиси кумитаи иттифоқи касабаи донишгоҳ
Возможно, это изображение (памятник и текст)