Ҷумҳурии Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳони имрӯза ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ва дорои ҳамаи рукнҳои давлатдорӣ – умумияти забону ҳудуд ва фарҳанг, халқи дорои тамаддуни оламшумул, дорои рамзҳои давлатӣ ва яке аз марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ дар машриқзамин арзи ҳастӣ дорад, ки ин ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист.

Яке аз омилҳои тақдирсози миллӣ ин расидан ба истиқлолияти сиёсӣ буда, баландтарин мақомро дар раванди давлатсозии миллӣ соҳиб аст. Маҳз истиқлолият аст, ки халқи тоҷик дорои давлати хеш гардид ва тавонист дар зеҳнияти ҷомеаи Тоҷикистон хосатан насли ҷавон, шуури миллиро мустаҳкам намуда, шароити мусоидро барои дарки шинохти тамомияти арзӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва эҳтиром ба арзишҳои милливу инсониро ташаккул диҳад.
стиқлолияти давлатӣ ва озодӣ дар тақдири миллати куҳанбунёди тоҷик гардиши куллӣ ба вуҷуд оварда, оғози марҳилаи сифатан навӣ таърихӣ гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ бештар аз 170 кишвари ҷаҳон ҳамчун давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду мустақил эътироф намудаанд.
Дар зарфи 30 соли соҳибистиқлолӣ бо шарофати ташаббусҳои созандаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва заҳмати софдилонаи халқ дар роҳи таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Имрӯз, вазифаи ҳар як фарзанди тоҷик аст, ки ба қадри истиқлолият, яъне дастоварди беназири таърихӣ расида, арзишҳое, ки истиқлолияти миллиро баён месозад, қадр карда, онро бо баҳои ҷони хеш ҳифз созанд.
Чунки маҳз истиқлолият аст, ки озодии моро ҳифз ва хушбахтии моро таъмин месозад.
Парвиз МУЗАФАРЗОДА,
магистранти курси 2-юми факултети сиёсат ва идораи давлатӣ
Возможно, это изображение (текст)