• афзуд Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав, дар вохӯрӣ бо донишҷӯёни курси якуми донишгоҳ.
Ин вохӯри имрӯз 16-уми сентябри соли 2021, ки бо иштироки Юсуф Обидзода, сардори шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонон ва ноболиғони РВКД дар вилояти Хатлон, Рамазон Насриддинзода, мудири шуъбаи рушди ичтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, муовинони ректор, деканҳои факултет, шуъбаи тарбия баргузор гардид.
Нахуст, Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ ҳамаи донишҷӯёни толорро, аз номи раёсати донишгоҳ ва кулли устодон барои ноил шудан ба номи донишҷӯӣ ва дохил шудан ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав табрик гуфт.
Сипас Давлатзода Сайфиддин Хайриддин риояи ҳамаи талаботи қонунгузорӣ ва дохилидонишгоҳиро, ки раванди таҳсили донишҷӯёнро фаро мегирад, зарурӣ ва ҳатмӣ шуморид.
– Ҳар як донишҷӯ вазифадор аст, ки талаботи ҷориро иҷро ва барои ба даст овардани илму дониш ва азхудкунии касбияти соҳа ҷидду ҷаҳд намояд. Бинобар ин якояки шуморо мебояд, аввалан одобу ахлоқи ҳамида ва баъдан дониши қонеъкунандаро соҳиб бошед,- гуфт, ректори донишгоҳ Давлатзода Сайфиддин Хайриддин.
Ректори донишгоҳ оид ба таваҷҷуҳ зоҳир кардани донишҷӯён барои аъзошавӣ ба китобхонаи илмӣ ва Китобхонаи электоронӣ барои такмил ва ташаккулдиҳии зеҳнӣ ва касбӣ зарур шуморид.
Дар рафти вохӯрӣ ташаббусҳои донишҷӯёни фаъолро вобаста ба иштирок дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ-байналхалқӣ, чорабиниву ҷашнҳои илмӣ ва конфронсу семинарҳо ректор ёдовар шуда, ишора намуд, ки ҳар як ҷавони фаъоли ташаббускор аз ҷониби раёсати донишгоҳ ҳатман қадрдонӣ карда мешавад.
Ҳамчунин таъкиди ректор вобаста ба масъалаи вайрон кардани тартиботи дохилӣ ва даст задан ба муноқишаҳои байнидонишҷӯӣ, бо мошинҳои шахси ба дарс омадан, ба бар намудани либосҳои тавсиавӣ ҷиддӣ буд.
Дар интиҳо ректори донишгоҳ донишҷӯёнро ба саъю кӯшиши комил, доништалабӣ, масъулиятшиносӣ ва ташаббускорӣ даъват намуд.
Ҳамчунин Юсуф Обидзода, сардори шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонон ва ноболиғони РВКД дар вилояти Хатлон ва Рамазон Насриддинзода, мудири шуъбаи рушди ичтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ба донишҷӯёни соли аввал маслиҳатҳои муфид дода шуд.
Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ