Имрӯз 25-уми сентябри соли 2021 Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷашни мавлуд доранд.
Аз ин рӯ, устодро бо фарорасии мавлуди хуҷастаашон самимона таҳният мегӯем. Барояшон, қабл аз ҳама умри дарози бехазон, толеи баланд ва хушбахтии ҷовидонаро таманно дорем. Бигузор саодатманду нерӯманд ва толеъбаланду фараҳманд бошед.
ЧУ САЪДӢ ПИР ГАРДӢ, КАМ НАБИНӢ,
ЧУ ҲОФИЗ ШОД БОШӢ, ҒАМ НАБИНӢ.
ЧУ ҶОМӢ ОҚИЛУ ФАРХУНДА БОШӢ,
ЧУ СИНО ДАР ДИЛУ ДАР ДИДА БОШӢ.