Пас аз эълон шудани ҳукми Иззат Амон (Холов И.А.) тамоми гурӯҳҳои ифротӣ, дар шабакаҳои иҷтимоӣ, нисбати ҳукми Иззат Амон яке аз ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Руссия (ба қавли худашон) баҳонаҳои гуногунро пеш меоранд. Гуё ки ҳукм ноадолатӣ содир шуда бошад.

Аз рӯи баъзе маълумотҳое, ки дар бархе аз шабакаҳову сомонаҳо нашр шудааст, қазияи боздоштии Иззат Амон бо айби қалобии худаш дар Руссия сар мезанад. Иззат Амон барои риоя накардани қоидаҳои иқомат ва ғайриқонунӣ ба даст овардани шаҳрвандии Русия аз Федератсияи Русия ихроҷ карда шудааст. Сомонаи Суди шаҳри Маскав ҳамон вақт хабар дода буд, ки Додгоҳи Тверскии Маскав Иззат Холовро (Иззат Амон) мувофиқи муқарароти моддаи 18.10 – и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ФР (Фаъолияти кории ғайриқонунии шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд дар Федератсияи Русия) гунаҳкор донист. Ин модда ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи аз ду ҳазор то панҷ ҳазор рубл ва хориҷ кардан аз қаламрави Федератсияи Русия пешбинӣ мекунад.
Дар кишвари бегона бо шаҳрвандии ғайриқонунӣ гаштану аз худ ҳомии ҳуқуқ тарошидаву ба қаллобӣ машғул шудан албатта дар назди қонун ҷавобгарӣ дорад. Ки ин амалҳо дар фаъолияту зиндагии Изат Амон бараъло дида мешавад.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки Холов И.А. бо роҳи қаллобӣ бо баҳонаи ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон ва муҳоҷирони меҳнатӣ аз даҳҳо нафар дар Русия маблағҳои калон гирифта, азхуд кардааст. Парвандаи ба зидди ӯ бар асоси “қаллобӣ ба миқдори махсусан калон” (қисми чаҳори моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ) таҳқиқ мешавад.
“Қаллобие, ки дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок ва ба миқдори махсусан калон содир шудааст, бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазору чорсаду шаст то ду ҳазору яксаду навад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (87600 – 131400 сомонӣ) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад”, – гуфта мешавад дар қисми 4-уми моддаи 247-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Пас биёед қонунро надониста лоф назанем. Ҳар кас, ки ҷиноят кард бояд дар назди қонун ҷавоб гӯяд. Агар ба ҷинояткору қалобу дузду роҳзан озоди диҳем, пас қонун барои чӣ лозим аст? Сари ин гуна қаъзияҳо бояд дуруст андеша кунему баъд чизе бигуем. Зеро мегуянд «Аввал андеша баъд гуфтор».

Маркази таҳлилӣ-иттилоотӣ

Возможно, это изображение (1 человек и борода)