Мо ҷавонон бо ифтихор иброз медорем, ки зодаи даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастем. Ба бахти баланди мо роҳнамову ғамхори миллат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сари қудрат омаданд ва дар муҳлати кутоҳ оташи ҷангро хомӯш карданд ва мардум ба зиндагии осудаву маъмулӣ баргашт. Дар як муддати кӯтоҳ шуълаи умедро ба фардои дурахшон дар қалби ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ фурӯзон намуданд.

Ин буд, ки меҳнаткашон, модарону хоҳарони мушфиқ, пирони рӯзгордидаву ҷавонони ғайратманд, чашми ростбин, гӯши ҳақшунав, ақли бедору хиради дурбин, забони ҳақгӯву табъи нуқтасанҷ ва ҳазорҳо бозуи қавӣ зери сиёсати оқилонаи Пешвои миллат муттаҳид гардида, дар ободиву пешравии Тоҷикистон камари ҳиммат бастанд. Фаъолияти давлативу ҷамъиятии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оинаест, ки дар он мавқеи миллати тоҷикро бо ҳама шаҳомат ва шуҳраташ сарфаҳм рафта, ба ин восита қадаме ба сӯйи хештаншиносӣ ва худогоҳӣ ниҳода, бо диди ибрат дурнамои кишварро муайян карда метавонем.
Андешаҳои созандаи Пешвои миллат омили пешбаранда ва такмилдиҳандаи давлати миллии тоҷикон буда, аз марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар то имрӯз ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва бо ин муҳаббат, ғамхориву самимияти падарона меҳри қишри созандаи ҷомеаро ба Ватан ва эҳтиромашонро ба арзишҳову муқаддасоти миллӣ афзун мегардонанд. Ҷавонон дар ҳама давру замон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат ба онҳо вобаста аст. Масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон, нақш ва иштироки онҳо дар ҳаёти ҷомеа, яке аз масъалаҳои асосӣ дар Паёми ҳарсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ буда, ба ин мавзуъ ҳамчун яке аз масъалаҳои асосии давлатдорӣ ва манбаи муҳимтарини ташаккули захираҳои инсонии кишвар таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир мегардад.
Бояд гуфт, ки дар шароити бисёр ҳам рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, инчунин, торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ зиракии сиёсии ҷавонон аҳамияти бағоят бузург касб менамояд. Гаравидани баъзе аз ҷавонон ба ҳизбу созмонҳои ифротиву террористӣ боиси нигаронӣ буда, мақомоти давлатиро вазифадор менамояд, ки барои гирифтани пеши роҳи ин амалҳои номатлуб чораҳои қатъӣ андешанд ва корҳои тарбиявиро дар байни ҷавонон боз ҳам тақвият бахшанд. Ҳамаи ин ғамхориҳои Пешвои миллат нисбат ба мо – ҷавонон дар баробари ифтихор бояд масъулияти моро бештар созад. Зеро шароите, ки имрӯз барои мо зодагони даврони истиқлол фароҳам оварда шудааст, бисёре аз ҷавонони дунё онро танҳо орзу мекунанд.
Зиндагии талху ба хун оғӯштаи имрӯзи мардум, бахусус ҷавонони кишвари дӯсту ҳамсояи мо – Афғонистон бояд барои мо далели бебаҳс ва намунаи ибрат бошад. Чунин ҳолат бояд моро дар атрофи Пешвои миллат боз ҳам муттаҳид гардонад, то нагузорем ҳеҷ нокасе ба хоки сарзамини мо пой гузорад. Зеро бисёр абарқудратҳо ба хотири пиёда кардани ҳадафҳои геополитикии худ ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ «чашм ало» карда, ба ҳар роҳ мақсадҳои ғаразноки худро амалӣ кардан мехоҳанд. Танҳо иттиҳоду ҳамдилӣ метавонад моро ба фардои боз ҳам дурахшон раҳнамун созад.
Сироҷиддин ЗИКРИЁЕВ,
донишҷӯи курси 4 факултети педагогика ва варзиш
Возможно, это изображение (1 человек и стоит)