Имрӯз дар факултети математика – информатика аз ҷониби мушовирон ба таҷрибаомӯзон семинар – машварат доир гардид.

Дар кори семинар Саид Холматов, роҳбари таҷрибаомӯзии ихтисосҳои омӯзгорӣ, Қадамшо Арбобов, роҳбари таҷрибаомӯзии факултет ва Файзалӣ Қурбонов, мушовирони фанни педагогика иштирок дошт.
Ба донишҷӯён оид ба ташкили таҷрибаомўзӣ, ҳуҷҷатнигорӣ, мақсаду вазифаҳои он, вазифаи масъулон, таҳияи нақшаи дарс, намунаи дарсҳо бо мушаххас намудани мақсадҳои таълим, нақшаҳои корҳои тарбиявӣ, хислатномаи психологӣ ба хонанда ва аҳли синф арзёбии ҷараён ва натиҷаҳои таҷрибаомўзӣ бо назардошти таҳсилоти кредитӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Дар анҷоми семинар ба таҷрибаомўзон таъкид гардид, ки тавассути сарчашмаҳои илмӣ, дастурҳои методӣ, китобҳои дарсӣ, аз таҷрибаи педагогии муаллимони пешқадам истифода намуда, маҳорати худро такмил диҳанд.
Mustafo Dustzoda и ещё 27
Комментарии: 4
Нравится

Комментировать