ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ НАВРӮЗ ДАР ДОНИШГОҲ

Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба муносибати Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукӯҳ доир гардид, ки дар он устодону донишҷӯён бо либоси милливу идона иштирок намуданд. Дастархони Наврӯзӣ, ки инъикоскунандаи мазмуну моҳият ва ҷавҳари аслии Наврӯзи байналмилал буд, ба чорабинӣ шукуҳи бештар бахшиданд. Таомҳои милллии наврӯзӣ дар мисоли ҳафт син, ҳафт шин ва…

Муфассал

НАВРӮЗ ҶАШНИ ТОҶИКОН АСТ

Наврӯз дар тӯли таърих ҳамеша ба унвони ҷашни муттаҳидкунанда ва бидуни вобастагиҳои нажодӣ, забонӣ ва динӣ ёд мешудааст. Наврӯз рӯзи миллӣ ва ҷашни ҳамаи онҳоест, ки таъриху фарҳанги муштарак доранд. Дар баробари ин, дар тӯли таърихи дуру дароз Наврӯз рӯзи миллии ҳамаи мардумоне гардидааст, ки аз кӯҳҳои Помири Бадах­шон, то интиҳои кӯҳҳои Курдистони Сурия ва…

Муфассал

СОЛГАРДИ УМР МУБОРАК БОШАД УСТОДИ АЗИЗ!

Имрӯз 30-юми марти соли 2022 Холмурод Раҷабзода, муовини ректор оид ба тарбияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мелоди умр дорад. Устоди азизро ба ин рӯзи фархунада табрик менамоем. Бигзор, хуршеди толеашон партавафшон ва баҳори умрашон бехазон боқӣ монад.  

Муфассал

“ҲАЖДАҲҒОРАИ АЙВАҶ” АЗ ЧОП БАРОМАД Таърих набояд ин ёдгориро фаромӯш кунад

Китоби мазкур ба қалами Муродиён Зокир Ҳасан, омӯзгори кафедраи педагогикаи мансуб буда Шӯрои илмию дастурдиҳии ДДБ ба номи Носири Хусрав ба чоп тавсия додааст. Китоби мазкур самари таҳқиқ ва таҳлили чандсола (2019-2021)-и муаллиф буда, аввалин китобест, ки дар хусуси ёдгории қаблазисломии “Ҳаждаҳғора”-и Айваҷи ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон ба забони тоҷикӣ таълиф шудааст. Муаллиф умдатан…

Муфассал

НАВРӮЗ ҲИДОЯТГАРИ НАКУИВУ ХАЙРХОҲИСТ

Боз баҳори нозанин ба кишвари зебои мо қудуми мубораки худро гузошт. Бо омадани фасли баҳор олами табиат на ин ки фақат зинда шуда ҷон мегирад, балки таровату нур ва ҷавонӣ пайдо мекунад. Замин бо сабзаи тару тоза пӯшида мегардад, дарахтон гулпӯш мешаванд, дар ҳаво як бӯйи муаттар, бӯйи сармаст­кунанда, бӯйи дилбозандае пайдо мешавад, ки аз…

Муфассал

НАВРӮЗ САРСАБЗӢ МЕОРАД

  Наврӯз нишонаи олии хубию покӣ, дӯстию ҳамдилӣ ва иди сафову эҳёи табиат аст. Ин иди бузург аз давраи Ҷамшеду Каюмарс то ин замон чандин марҳилаҳои вазнини таърихиро тай на­муда, аз чанги душ­манону бадхоҳон раҳо ёфта, то ба замони мо расида­аст. Моро мебояд, ки бо мероси аҷдодони худ бифахрем, чунки дар тӯли қарнҳо ин миллати…

Муфассал

НАВРӮЗ РАМЗИ ҲАМБАСТАГИИ ҶОМЕАЮ ТАБИАТ

Наврӯз танҳо муаррифии як рӯз дар тақвим нест, балки фарҳанги амиқ ва решадор аст, ки бо тамоми одоб ва суннати худ ҳамасола умеду шодмониро барои инсонҳо дар саросари курраи Замин ба армуғон меоварад. Наврӯз бузургдошти решаҳо, арзишҳои инсони­ро ҳифз ва мунтақил сохтааст. Манотиқе, ки дар он ҷашни Наврӯз бо сабкҳо ва шаклҳои гуногун баргузор мешаванд,…

Муфассал

РИВОЯТҲО АЗ ФАЛСАФАИ НАВРӮЗ

Дар яке аз рӯзҳои фасли баҳор ба дарбори шоҳ Файлақуси-2 аз давлати Форс гурӯҳи сафи­рону бозаргонон бо туҳфаҳои гаронбаҳо ташриф оварданд. Онҳо аз номи шоҳаншоҳи сарза­мини Форс ба кишвари Мақдуния дуруди наврӯзӣ расонида, барои тиҷорат рухсат хостанд. Шоҳ Файлақус бо камоли мамнуният сафиронро пазируфта, бароя­шон зиёфати хосае орост ва валиаҳди хеш Искандари ҷавонро бо меҳмонон…

Муфассал

ТАВСИФИ ТАЪРИХИ ҶАШНИ НАВРӮЗ

Наврӯз таърихи беш аз 6000 – сола дорад. Вожаи «наврӯз» аз забони паҳлавӣ сарчашма гирифта, аввал «нукруз» ном бурда шуд ва баъдан шакли наврӯзро гирифта, маънояш рӯзи нав, соли нав ё худ иди сари сол аст. Наврӯзро Иди баҳор ва арӯси сол низ мегуянд. Наврӯз айёми баробаршавии шабу рӯз, зиндашавии табиат, оғози мавсими кишту кори…

Муфассал

Наврӯзӣ

Эй ғунчаи интизор, бархез! Эй сабзаи бемадор, бархез! В-эй гул, бикушой домани худ, Эй муждаи навбаҳор, бархез! Дил буд маро ба ғуссаҳо ҷуфт, Ногоҳ димоғи шодӣ ошуфт, Дасташ бигирифту бар дилам гуфт: -Эй гул, зи миёни хор бархез! Бигзашт замони интизорӣ, Дар оғӯши барф беқарорӣ. Хуршед ба абр кард зорӣ: -Эй гиряи хандабор, бархез! Сардӣ…

Муфассал