Боз баҳори нозанин ба кишвари зебои мо қудуми мубораки худро гузошт. Бо омадани фасли баҳор олами табиат на ин ки фақат зинда шуда ҷон мегирад, балки таровату нур ва ҷавонӣ пайдо мекунад. Замин бо сабзаи тару тоза пӯшида мегардад, дарахтон гулпӯш мешаванд, дар ҳаво як бӯйи муаттар, бӯйи сармаст­кунанда, бӯйи дилбозандае пайдо мешавад, ки аз он ҳам одамон, ҳам ҷонварон ва ҳам мурғон ба хурӯш меоянду маст мешаванд.

Боз ба ин кишвари кӯҳанбунёд Наврӯзи сафобахшу саодатбор ҳидоятгари инсонҳо ба накӯиву хайрхоҳӣ, зебоиву зебопарастӣ бо оғӯши пур аз накҳати гулҳо, шамими сабзаҳо, таровати обҳои зулол меояд. Наврӯз барои мо муқаддастарин вожаест, ки онро бо ҳама поки­ву покизагӣ, бо камоли эҳтирому парастиш ба забон меорем.
Наврӯз армони ҳазоронсолаи мо, шифои ҳамаи дардҳо, таскини тамоми ғуссаҳо ва умеди ноумедиҳост. Наврӯз шиносно­маи миллати мост, зеро дар он ҳама ҳастӣ, ҳама таърих ва ҳама хуҷастагиҳои гузаштагони мо таҷассуми ҷовидона ёфтаанд.
Наврӯз раҳнамои инсонҳо ба ягонагиву сулҳу дӯстӣ ва ба­робариву бародарист. Наврӯз айёми зиёрати руҳи гузашта­гон аст, яъне мардум дар ин рӯз ба оромгоҳҳо мераванд, ба руҳи гузаштагон салом ме­баранд, ибодатҳо мекунанд, марқадашонро тозаву озода ме­созанд.
Бо фаро расидани Наврӯз мардум шири сафед менӯшанд, то дар соли нав бо сафедиҳо ёр бошанд. Наврӯз-рӯзи бахшида­ни гуноҳон аст, рӯзест ки душ­манон бо ҳам дӯст мешаванду кинаву қудуратро аз дил мезу­доянд.
Бигузор дар гулханҳои Наврӯз ҷаҳлу қаҳру ғазаб сӯзонда шаваду ишқу муҳаббат, меҳру шодӣ фурӯзон гардад. Бигузор ҳамеша дилҳои мар­дум саршори муҳаббат бошад, Наврӯз бо нафасҳои аҳуроии худ бо неруи покиву ростӣ ва меҳру ороиш моро аз газанди бадхоҳон дур намояд.
Қадамҳои Наврӯзи ҷонбахш, Наврӯзи озодӣ, Наврӯзи ориёи­ён, Наврӯзи истиқлоли тоҷикон ба ин кишвари некону некни­шон, ба ин биҳишти замин, ба Тоҷикистони гулистону дилситон фархунда бод!
Раҷабмо ДАВЛАТОВА,
омӯзгори литсейи назди ДДБ ба номи Носири Хусрав
Возможно, это изображение (4 человека, люди стоят и на открытом воздухе)