Ман, Саидзода Гулрў, хатмкардаи литсейи № 1-и шаҳри Левакант мебошам. Муаллимаи таърих ва ҳуқуқ шудан ин орзуи деринаам буд. Ва шукри ободию озодии Ватан, ки ман ба воситаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори номи донишҷўи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав гардидам. Баъди хатми Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мехоҳам ҳамчун мутахассиси варзида барои пешрафту шукуфоии Ватану давлати соҳибистиқлолам, ки онро ном Тоҷикистон аст, саҳми худро гузорам.

Дар ин донишгоҳ ба мо устодони соҳибтаҷрибаю соҳибмалака дарс меомўзонанд. Онҳо кўшишу ғайраташонро натанҳо барои соҳибмаълумоту соҳибихтисос гардидани мо донишҷўён равона месозанд, балки барои дар рўҳияи ватандўстӣ, хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ ва эҳтироми арзишҳои миллию умумибашарӣ тарбия ёфтанамон ҷаҳду талош менамоянд.
Ман ҳамчун як ҷавондухтари босаодати даврони соҳибистиқлолии кишвар аз ихтисоси интихоб кардаам дар ин донишгоҳи олии бонуфузи мамлакат ифтихор дорам. Бо итминони комил ба хатмкунандагони соли таҳсили 2021-2022 ва дигар довталабон муроҷиат намуда мегўям, ки ҳуҷҷатҳояшонро ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав супоранд, зеро ин донишгоҳ дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоии ватани азизамон саҳми арзанда гузошта истодааст.
Гулрўи САИДЗОДА,
донишҷўи курси 2-юми ихтисоси таърих ва ҳуқуқ
Возможно, это крупный план (1 человек и стоит)