Ҳамкасбони гиромӣ, устодону шогирдони арҷманд!

Фарорасии соли нави таҳсилро бароятон самимона табрику таҳният мегӯям. Дар нахустрӯзи моҳи сентябр дарҳои гулистони дониш аз нав ба рӯи шогирдони мо, ки ояндасозони Ватани маҳбубамон мебошанд, боз мешаванд ва онҳо бо неруи тозаву азми қавӣ ба донишандӯзӣ шуғл меварзанду сатҳи маърифату маънавиёти худро боз ҳам боло мебардоранд.

Воқеан, дониш сипари инсон, роҳнамою дастгир ва чароѓи равшани дили ӯст. Тавассути донишандӯзӣ ҳар фард фатҳи қуллаҳои мурод мекунад ва ба пешрафту ободонии ҷомеа ҳиссагузор мешавад. Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ таваҷҷуҳ ба донишу донишандӯзӣ дар кишвари мо бештар гашт ва баҳри омӯзиши бавусъат шароити мусоид фароҳам омад. Ғамхорӣ ба донишандӯзии насли наврас дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва маориф дар кишвари маҳбуби мо соҳаи афзалиятнок эълон шудааст.

Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба ин соҳаи афзалиятнок махсус таъкид шудааст: «Дастгирии соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор, дар навбати аввал, аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки аҳли маориф дар рушди неруи инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз қувваҳои пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрӯза ба шумор мераванд ва гузашта аз ин, пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди маориф вобастагии мустақим дорад».

Дар заминаи дастуру ҳидоят ва дастгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат дар соҳаи маориф ислоҳоти фарогиру пурсамар идома дорад. Солҳои охир дар тамоми манотиқи кишвар бунёди таълимгоҳҳои нав ва ба таври замонавӣ таҷҳизонидани онҳо авҷ гирифтааст. Умуман, аз соли 1991 то ба имрӯз дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода супорида шуд.

Рӯзи 1-уми сентябр Рӯзи дониш эълон шудааст ва дар ин замина устодону шогирдон нахустрӯзи соли нави таҳсилро бо арҷгузории дониш оғоз менамоянд. Ҳамчунин, тибқи анъана ҳамасола дар оғози таҳсил дарси нахустини устодон ба тарғибу бузургдошти Сулҳ бахшида мешавад, ки он дарси Сулҳ ном дорад. Сулҳ ифтихор ва сафобахши рӯзгорони халқи тоҷик мебошад. Дар дарси сулҳ ба шогирдон дар бораи аҳамияту моҳияти сулҳ, марҳилаҳои расидани тоҷикон ба сулҳи комил ва Ваҳдати миллӣ ба таври муассир нақл карда мешавад.

Мо ҷавононро бояд дар рӯҳияе тарбия намоем, ки ифтихору номуси ватандорӣ дошта бошанд, хизмат ба Ватанро шарафу номуси ҷавонмардии худ шуморанд. Ба ивази хизмат ба Ватан аз Ватан чизеро тамаъ нанамоянд. Онҳоро бояд тавре тарбия намоем, ки дар ягон ҳолат Ватани худро паст назананд, барои онҳо Ватан беҳтарин нишеман, зодбум ва макони оромидан бошад.

Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав низ маҳз ба шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт ва бо пойдор гардидани Ваҳдати миллӣ ба татбиқи нақшаҳои бузурги бунёдкорӣ ва созандагӣ дар соҳаи маориф ноил гардид. Махсусан дар сиёсати давлатӣ самти арзишманду афзалиятнок эълон шудани соҳаи маориф, ки қимати баланди сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маърифативу фарҳангӣ дошт, ба ҳайати устодону профессорони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав беасар намонд.

Аҳли устодону шогирдони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар қатори тамоми мардуми шарифи мамлакат ҷашни шукӯҳманди истиқлоли кишварро ботантана ва бо ифтихори баланди ватандорӣ таҷлил мекунанд ва Ватани маҳбуби хешро васфу ситоиш менамоянд. Дар арафаи ин ҷашни бузург ва Рӯзи дониш ҳамагон таманнои онро дорем, ки Тоҷикистони азизу биҳиштосои мо ҳамеша ободу гулафшон ва дар оғӯши Сулҳу Ваҳдат бимонаду Истиқлолияти давлатӣ пойдору безавол бошад ва ҳамбастагии сокинонаш бо маърифату донишу хирад ҳарчи бештару рӯзафзунтар гардад.

Боз ҳам оғози соли нави таҳсил ва рӯзи донишро ба ҳамаи Шумо – устодон, донишҷӯён ва кулли алоқамандони соҳаи маориф самимона табрик мегӯям!

Соли нави таҳсил муборак!