Ҳамасола дар кишвари азизамон Рӯзи дониш ҳамчун санаи гиромидошти илму маърифат ҷашн гирифта мешавад. Ин иқдоми бузург гувоҳи он аст, ки Ҳукумати мамлакат ба аҳли илму маориф таваҷҷуҳи хоса медиҳад.

Соли нави таҳсил тибқи анъана бо дарси сулҳ оғоз мегардад. Дарси сулҳ ба маънои дигар дарси ватандӯстӣ ва шинохти сабақҳои таърих ба хотири фардои ободи Тоҷикистони азизамон мебошад. Мардуми тоҷик аз давраҳои бостон то ба имрӯз баробари таҳкими дӯстиву рафоқат ва сулҳу субот ба қадри илму дониш ва мактабу маориф низ мерасанд ва ба ин манбаи ташаккулдиҳандаи арзишҳои маънавии ҳаёти инсон арҷ мегузоранд.

Тоҷикон ҳамчун миллати соҳибтамаддун дар ҳар давру замон омӯхтани илму донишро яке аз шартҳои асосии рушди маънавиёти инсон медонистанд. Ин анъана то ба имрӯз идома ёфта, дар замони соҳибистиқлолӣ мазмун ва арзиши нав касб кардааст.

Воқеан, сулҳ неъмати бебаҳо буда, хусусан, барои сокинони Тоҷикистон арзиши бузург дорад. Зеро мардуми мо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсиро бо баҳои ниҳоят гарон ва бо таҳаммул кардани машаққату маҳрумиятҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба даст оварданд.

Насли наврас ва ҷавонони имрӯза бояд аз ҳаёти гузаштаи миллат сабақи нав омӯзанд ва барои таҳкими сулҳу субот дар кишвар талош намуда, дар ҳифзу устувории давлату миллатамон саҳми бевоситаи хешро гузоранд.

Яъне рисолати аслии устодону омӯзгорон ва падару модарон дар ин самт аз он иборат аст, ки ба насли наврас ва ҷавонони имрӯза таъриху таҷрибаи миллатро омӯзонанд ва онҳоро барои ҳифзу пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва боз ҳам мустаҳкам намудани давлати озоду соҳибистиқлоламон омода созанд.

Зеро сулҳу оромӣ шарти муҳимтарини устуворӣ ва пойдории давлат, осоиши ҷомеа ва амалӣ шудани нияту орзуҳои ҳар як фард мебошад. Аз ин рӯ, мо бояд ба қадри сулҳу оромӣ расем ва аҳамияти онро дар байни аҳли ҷомеа, алалхусус, ба наврасону ҷавонон боз ҳам бештар тарғиб намоем.

Илму дониш нишондиҳандаи асосии дараҷаи инкишофи ҳар як давлату миллат буда, бо раванди рушди нерӯи инсонӣ робитаи мустақим дорад. Илм сарвати бебаҳо буда, қобилияти зеҳнии ҳар як кишвар ба нерӯи тавонои он алоқаманд мебошад.

Наврасону ҷавонони боиродаи Ватани маҳбубамонро зарур аст, ки бо шукронаи истиқлолу озодӣ дар пайи ободӣ ва пешрафти кишвари азизи худ бошанд, зеро дар Тоҷикистон барои амалӣ гардидани тамоми мақсаду мароми созандаи онҳо ҳамаи шароиту имкониятҳои мусоид муҳайё карда шудаанд.

Халқи тоҷик таърихи бисёр рангину пурифтихор дорад. Миллати соҳибтамаддуни мо дар тӯли таърихи деринаи худ давраҳои бисёр сахту вазнинро паси сар карда, таърих, забон, фарҳанг ва ойинҳои миллии хешро ҳифз кардааст.

Аз ин рӯ, ҳамаи моро зарур аст, ки гузаштаи пурифтихори халқамонро ба насли оянда омӯзонем, то ки онҳо ба қадри истиқлолу озодӣ, яъне мафҳумҳои муқаддасу сарнавиштсози миллатамон расанд ва барои ҳимояи ин неъмати бебаҳо омода бошанд.

Бори дигар омӯзгорону хонандагон, наврасону ҷавонон, донишомӯзон ва тамоми сокинони мамлакатро бо Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломатӣ ва барору комёбӣ орзумандам.

Рӯзи дониш муборак!!!

Вайсиддин Раҷабов, хатмкардаи шуъбаи

омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ – педагогӣ