Имрӯз донишҷӯёни факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав тибқи нақшаи тақвими ба таҷрибаи омӯзгорӣ сафарбар шуданд.

Дар оғози сафарбар намудани донишҷӯён С. Холматов, роҳбари таҷрибаомӯзии ихтисосҳои омӯзгории донишгоҳ, Ҳакимов Саъдулло, декани факултети филология, роҳбарони таҷрибаомӯзӣ аз факултет иштирок доштанд.

Дар факултети филологияи тоҷик 53 нафар таҷрибаомӯз зери роҳбарии омӯзгорони факултет сафарбар гардидан.

Бино ба иттилои С. Холматов, роҳбари таҷрибаомӯзии ихтисосҳои омӯзгории донишгоҳ тибқи фармоиши ректори донишгоҳ дар 11 факултети донишгоҳ, аз руйи 27 ихтисос, ҷамъ 706 нафар, ба 17 муаасисаи таълимӣ ва ба як муассисаи таълимии томактабӣ сафарбар гардиданд.