ГУФТОР АНДАР ОФАРИДА ШУДАНИ АФЛОК ВА КАВОКИБ

Чу пайвастанд Ақлу Нафс бо ҳам,

К-аз эшон зод аҷроми муҷассам.

Мар-ӯро ҷунбиши авло бувад ном,

К-аз он ҷунбиш замин меёбад ором.

В-аз ин ҳар як бувад дар даҳ маротиб,

Нӯҳи дигар яке з-ангушти ноиб.

Яке гардуни аъзам, он ки яксар

Бар ӯ гарданд ҳашт афлоки дигар.

Хилофи гардиши ин ҳашт гардад,

Шабонрӯзи яке раҳгашт гардад.

Дигар чархи даҳу ду хона бошад,

Савобитро дар ӯ кошона бошад.

Дигар гардун, ки бошад ҷои Кайвон,

Дигар дорад дар ӯ Зовуш айвон.

Дигар Баҳром дорад в-он дигар Шед,

Дигар бошад биҳиштобод Ноҳид.

Дуи дигар: яке Тиру яке Моҳ,

Туро аз ҳоли ҳар нуҳ кардам огоҳ.

Дувум ҷунбиш зи Машриқ сӯи Мағриб,

Бувад, лекин надорад аз кавокиб.

Гирифта ҳар яке ақлеву ҷоне,

Ба кори хештан ҳар як ҷаҳоне.

Яке дар мулки Яздон нек бингар,

Ки инҳо мулки Яздонанд яксар.

Ҳама неку бади мо ҳаст аз эшон,

Фаноро гашта кӯтаҳ даст аз эшон.

Шуда ҳайрон ҳама дар сунъи Сонеъ,

Ҳама саргаштагони шавқи Мубдеъ.

Ҳамегарданд дар олам чу паргор,

Падидорандаи худро талабгор.

Ба гирди курраи гил дар шабу рӯз,

Ҳамегарданд чун шамъи шабафрӯз.

Кунад бо мо аз он гаштан асарҳо,

Расад моро аз эшон хайру шарҳо.

Яке аз чоҳ ояд бар сари ҷоҳ.

Яке аз ҷоҳ афтад дар таги чоҳ,

Яке бас беҳунар, мол аз адад беш,

Яке бо сад ҳунар дарвеши дилреш.

Яке бо донишу илм аст бадҳол,

Яке бе донишу илм аст хушҳол.

Надонад сирри инро ғайри Яздон,

Ту аз ман ёд гир ин панду бархон.

Агар илмат ба ҳикмат роҳ ёбад,

Зи илми ҳикматаш огоҳ ёбад.

Зи Ҳуҷҷат ин суханҳо ёд медор,

Ки дар Юмгон нишаста подшаҳвор.