БОБИ 9

ДАР РОҲАТ РАСОНИДАН ВА НЕКЎӢ ХОСТАН

Беҳин коре, ки андар зиндагонист,

Накўхоҳӣ, ба кас роҳатрасонист.

Ту гар тавфиқ дорӣ, ҳам бар он бош,

Накўхоҳу ба кас роҳатрасон бош.

Ба лутфу марҳамат дилҳо нигаҳ дор,

Кас аз дасту забони худ маёзор!

Ба корафтода коромўз мебош,

Ба ҳар дилсўхта дилсўз мебош.

Илоҷи дардмандон кун ба ҳар дард,

Ки ҳар кас, к-ў ҷароҳат кард, бад кард.

Чу марҳам хастаро роҳатрасон бош,

Ба сахтӣ чораи бечорагон бош.

Бипўй андар ҷавонӣ роҳи Яздон,

Ҷавон беҳтар худотарсу худодон.

Ба пирӣ хидмати модар, падар кун,

Ҷавонию ҷунун аз сар бадар кун.

Ки парвардаст модар дар канорат,

Падар буд солҳо тимордорат.

Мазан таъна бар эшон аз дили сер,

Ки гар ёбӣ замон, гардӣ ту ҳам пир.

Биҷў дилшон ба хулқу хубрўӣ,

Ки ин аст, эй бародар, некрўӣ.

Давом дорад…