Рӯзи 2- юми ноябри соли равон бо ибтикори факултети Сиёсат ва идораи давлатӣ мизи мудаввар бахшида ба 29 -уми солгарди қабули Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Ҳ. Сафарбекзода, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, Э. Набизода, мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ, Б. Қодирзода, декани факултет, мудирони кафедраҳо, омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Чорабиниро Бахтиёр Қодирзода, декани факултет ифтитоҳ намуд. Сипас, Ҳ. Сафарбекзода, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия доир ба аҳамият ва нақши Конститутсия суханронӣ намуд.

Дар ин баробар аз ҷониби омӯзгорону донишҷӯён маърӯзаҳо шунида шуд.

Дар интиҳои мизи мудаввар ба як қатор омӯзгорон Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотирафӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия тақдим гардид.