ДАР БАЁНИ ҲАВОСИ ЗОҲИР ВА БОТИН

Туро ин хони шашсӯ раҳгузар шуд,

Аз ин хон хонаи ту панҷ дар шуд.

Кушода ҳар даре дар бӯстоне,

Зи ҳар дар медарояд корвоне.

Агарчи андар ин хона ғарибӣ,

Аз ин ҳар панҷ дарҳо бонасибӣ.

Яке чашмат, ки бинад он аҷоиб,

Шавад з-он диданӣ роҳи ту соиб.

Дигар гӯшат, ки шаҳроҳи калом аст,

Дилат з-ӯ бо маъонии тамом аст.

Гаҳ аз алҳони мурғон, гаҳ зи автор

Хабар оранд ҷонатро зи асрор.

Дигар бинӣ, ки бӯи гул пазирад,

Димоғу дил зи бӯяш завқ гирад.

Зи завқу ламс танро ҳаст баҳра,

Чу аз нармӣ биёбад даст баҳра.

Ҳавоси зоҳиранд ин панҷу ботин

Бувад панҷи дигар, эй ёри муҳсин.

Хаёлу ваҳму фаҳму ҳифз дигар,

Ки ҳисси муштарак хониш бар сар.

Дигар зикрат, ки шаҳбози калом аст,

Дилат з-ӯ бо маониҳо тамом аст.

Дигар нутқат, ки ояд чун ба гуфтор,

Зи нутқат толибон гиранд асмор.

Хато бинанд боз ин панҷгона,

Тавонӣ ростбиншон кард ё на?

Риёзат каш, мар-инро ростбин кун,

Пас он гоҳе гумонатро яқин кун.

Чу инҳо ростбин гарданд, з-он пас

Туро сармоя ин андар ҷаҳон бас.

Дигар нутқ аст, чун ояд ба гуфтор,

Аз ӯ гардад ҳама ишколҳо хор.

Кушода гардад он гаҳ чашми биниш,

Бибинӣ моварои офариниш.