Сухани табрикотии ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав профессор Давлатзода Сайфиддин Хайриддин ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Устодону шогирдон ва ҳамкасбони арҷманд!

Таҷлили солгарди қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки шоҳсутуни асосии давлат ва давлатдории миллии тоҷикон маҳсуб меёбад, барои ҳар як шаҳрванди кишвари азизамон рӯйдоди воқеан муҳими таърихӣ ва тақдирсоз ба шумор меравад, зеро бисту нуҳ сол муқаддам – 6 ноябри соли 1994 дар кишвари мо тавассути раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи Тоҷикистон, яъне бахтномаи халқамон қабул гардид, ки он истиқлолияти давлатии моро аз лиҳози ҳуқуқӣ расмӣ гардонид ва чун шиносномаи миллату давлати тоҷикон онро бо номи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона расман ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.

Қонуниасосии кишвар, ки таҳти роҳба­рии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи басо мураккабу қисматсоз ва пурпечутобу ҳассоси рӯзҳои аввали ташак­кули давлатдории миллиамон қабул гардид, бузургтарин дастоварди даврони соҳибистиқ­лолии кишвар маҳсуб ёфта, ҳамчун санади муҳими сиёсӣ ва ҳуҷҷати сарнавиштсоз барои амалӣ намудани ҳадафҳои неки миллати куҳан­­бунёдамон заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол баробари қабули аввалин Конститутсияи худ озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон карда, унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуд. Нақши таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он аст, ки аз солҳои аввали истиқлолият халқи Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро маҳз тибқи муқаррароти ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонид».

Бояд гуфт, ки қабули Конститутсия дар заминаи холӣ сурат нагирифтааст. Вақте гурӯҳи корӣ оид ба омодасозии лоиҳаи Конуститутсия бо сарварии раиси ҳамонвақтаи Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кор шуруъ кард, тамоми паҳлуҳои таъриху фарҳанги миллати куҳанбунёд, сарнавишти давлатдории тоҷикон, анъанаву махсусиятҳои миллӣ вобаста ба талаботи замони муосир, равандҳои нави ҷомеа, тартиботи нави давлатдорӣ ва сиёсати ҷаҳонӣ ба назар гирифта шуданд. Тавре далелҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, яке аз асосгузорони қабули Конститутсияи нави мамлакат Пешвои миллат, Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Имрӯз бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки ин санади сарнавиштсози таърихӣ манфиатҳои олии миллат ва давлати соҳибистиқлоламонро инъикос намуда, ба омили муҳимтарини кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеа мубаддал гардид.

Мо дар даврони истиқлол бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ба шарофати эҳтиром ва амалишавии меъёрҳои Конститутсия тавонистем ҷомеае бунёд намоем, ки дар он фазои озоду демократӣ ҳукмфармо ва суботи сиёсиву ваҳдати миллӣ, пешрафти бемайлон ва пойдориву бардавомии имрӯзу ояндаи давлату миллат таъмин гардидааст, ки воқеан, мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди ватандӯсти мамлакат ва дастоварди муҳимтарини даврони истиқлол арзёбӣ мегардад.

Ҳозирини гиромӣ!

Итминони комил дорем, ки мо ҳайати профессорон, омӯзгорону кормандони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пуштибонӣ намуда, баҳри таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ваҳдати миллӣ, пешрафти рушди соҳаҳои мухталифи кишвар тамоми ваколатҳои бо қонун пешбинишударо татбиқ намуда, дар ташаккулу инкишофи давлати ҳуқуқбунёд саҳм мегузорем.

Гузашта аз ин, ҳамчун омӯзгор ва шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол бояд вазифаҳои муқаддаси шаҳрвандии худро дар доираи меъёрҳои Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва дигар санадҳои қонунгузории кишвар иҷро намуда, дар таълиму тарбияи насли наврас ва ба камол расонидани онҳо саҳми назаррас гузорем. Донишҷӯёну хонандагон ва фарзандонро бояд дар руҳияи худшиносию худогоҳии миллӣ, ватандӯстию ватанпарварӣ, сухандонию суханварӣ ба камол расонида, сазовори гуфтаҳои Сарвари давлат бошем ва бо дасту дили тоза, меҳру муҳаббати ватандорӣ ва ифтихор аз ҳар ваҷаб хоки ин сарзамин фаъолият намуда, барои гулгулшукуфии ватани азизамон ҳиссагузорӣ намоем.

Умедворем, ки Шумо – муҳтарам ҳайати профессорон, омӯзгорон, кормандон, донишҷӯён ва ҳозирини гиромӣ чун як фидокори роҳи Истиқлолият дар таъмини пешрафту созандагӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёт, дар кафолати зиндагии осоиштаву пурнишоту бунёди ҷомеаи шаҳрвандии демократӣ ва ҳифзи сарватҳои волои миллат, пешрафту шукуфоии донишгоҳи азизамон саҳми арзанда мегузоред. Таманнои онро дорем, ки бо шарофати истиқлол ва қонунҳои амалкунандаи Конститутсионӣ обрӯву эътибор ва нуфузи кишварамон дар миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳарвақта дида, бештар афзояд.

Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!