ДАР ШИНОХТАНИ НАФС

Бидон худро, ки гар х(в)адро бидонӣ,

Зи худ ҳам неку ҳам бадро бидонӣ.

Шиносои вуҷуди хештан шав,

Пас он гаҳ сарфарози анҷуман шав.

Чу худ донӣ ҳама дониста бошӣ

Чу донистӣ, зи ҳар бад раста бошӣ.

Бирав, бигсал зи лаззоти баҳимӣ,

Агар ҷуёи он хуррам наъимӣ

Надонӣ қадри худ, зеро чунинӣ,

Худо бинӣ, агар худро бибинӣ.

Туро нуҳ чарху ҳафт ахтар ғулом аст,

Ту шогирди танӣ, ҳайфи тамом аст.

Машав побанди лаззоти баҳимӣ,

Агар ҷӯёи он хуррам наимӣ.

Чу мардон бошу тарки хобу х(в)ар кун,

Чу сайёҳон яке дар худ сафар кун,

Ту худро маҳв кун дар зоти Яздон,

Худо бину Худо хону Худо дон.14

Ки бошад хобу хур кори баҳоим,

Ба маъқулот шуд ҷони ту қоим.

Яке бедор шав, то чанд хуфтӣ,

Бибин худро – ҷаҳони пуршигифтӣ!

Тафаккур кун, бибин, то аз куҷоӣ,

Дар ин зиндон ту аз баҳри чароӣ?

Қафас бишкан, ба ҷои хештан шав,

Чу Иброҳими Озар бутшикан шав.

Ту з-ин сон офарида баҳри корӣ,

Дареғ аст он ки маҳмил даргузорӣ.

Малик фармонбари Шайтон, дареғ аст,

Малик дар хидмати дарбон дареғ аст.

Чаро бояд, ки Исо кӯр бошад,

Хато бошад, ки Қорун ур бошад.

Ту дорӣ аждаҳое бар сари ганҷ,

Бикуш он аждаҳо, фориғ шав аз ранҷ!

В-агар қуташ диҳӣ, бадзаҳра бошӣ,

Зи ганҷи бекарон бебаҳра бошӣ.

Туро дар хона ганҷ асту ту дарвеш,

Туро марҳам ба даст асту ту дилреш.

Ту дар хобӣ, куҷо афтӣ ба манзил,

Тилисм ороиву аз ганҷ ғофил.

Сабук бишкан тилисму ганҷ бардор,

Бикаш ранҷеву аз худ ранҷ бардор.