СИФАТИ АНВОИ МАРДУМ

Бани Одам гурӯҳе бас латифанд,

Ҳақиқат ҳам хасису ҳам шарифанд.

Тан аз хоканду ҷон аз ҷавҳари пок,

Шараф доранд бар хосони афлок.

Ҳам аз нафсу ҳам аз ақлу зи аҷром,

Зи чору се, ки аввал бурдаам ном.

Ҳама дар зоти инсон ҳаст ҳосил,

Гилаш зулмонию нуронияш дил.

Мар-инро олами суғрош гуфтанд,

Мар-онро олами куброш гуфтанд.

Шуда бар офариниш ҷумла солор,

Ба маънӣ ҳам ҷаҳону ҳам ҷаҳондор.

Пасу пешу ниҳону ошкор Ӯст,

Шиносои худу Парвардигор Ӯст.

Ҳама ҳам муҳдасанду ҳам қадиманд,

Ҳама ҳам ҷоҳиланду ҳам ҳакиманд.

Ҳама доранд истеъдоди ҳар шай,

Ба маъниву ба сурат маййиту ҳай.

Агарчи офарида з-ону инанд,

Зи худ ҳар лаҳза чизе офаринанд.

Чунинанд анбиёву авлиёшон,

Ки арзад мулки олам хоки пошон.

Дар эшон ҳаст муште нокасу хом,

Ки оқил девмардум гӯядаш ном.

Ба феъл Иблису сурат ҳамчу одам,

Ба сад поя зи аспу гову хар кам.

Ба сурат зинда, аммо ҷон надоранд,

Агар доранд ҷон, ҷонон надоранд.

Бале, ҳастанд аз ин муште парешон,

Мадори ин ҷаҳон бошад бар эшон.

Валекин ҳеч натвон фарқ кардан,

Зи гову хар ба гоҳи хобу х(в)ардан.

Зи беҷонӣ дили бедорашон на,

Ба ҷуз инкори хосон корашон на.

Тан асту ҷон мумаййиз одамиро,

К-аз ин ду ёфт бешию камиро.

Дили ӯ гар муррабӣ гашт ҷонро,

Биёбад ӯ бақои ҷовидонро.

Мақоми ӯ ҷаҳони нору нур аст,

Ки он ҷо роҳатободи сурур аст.

Чу ӯ бо рӯҳ гирад ошноӣ,

Расад дар дори мулки рушноӣ.

В-агар шуд дар ҳавои тан гирифтор,

Ту он касро ба ҷуз Шайтон мапиндор.

Чу гову хар ба хобу хӯрд хурсанд,

Табиат пойи ҷонашро шуда банд.

Аз он дар пояи ҳайвон бимонад,

Зи ғафлат хору саргардон бимонад.

Бикӯш, эй дӯст, то з-эшон набошӣ,

Ба зулмат хору саргардон набошӣ.