Боби 17

ДАР ДАЪВИДОРОНИ МУҚАЛЛИД

Чу ганҷанд он азизон дар харобӣ,

Талаб кун ганҷи пинҳон, то биёбӣ.

Зи нешаш чунки тан осуда дорад,

Ки доим неши заҳролуда дорад.

Маро ёрон ба ланганду ту мағрур,

Ки то булбул шавӣ бо табъи махмур.

Ба ҳикмат ҳар дари мақсуд ёбӣ,

Ба дарди хеш марҳам зуд ёбӣ.

Туро, эй муддаъӣ, маънӣ бибояд,

Ки даъводор бемаънӣ нашояд.

Нишон додӣ, ки гул аз хор хезад.

Бикун коре, ки кор аз кор хезад.

Бидон раҳрову он гаҳ раҳбарӣ кун,

Надида роҳ тарки доварӣ кун!

Кас аз мақсуду мақсад кай шавад шод,

Ки аз аъмо ба амё ҷӯяд иршод.

Агар худ толибӣ, мардӣ талаб кун,

Ба дарди хеш ҳамдардӣ талаб кун.

Мазан бар дасту пои дузди дин бӯс,

Ки дар поят бибандад зарқу солус.

Биҷӯ мардӣ, агар биноият ҳаст,

Мадеҳ бар дасти ҳар тардомане даст.

Дар ин бозоргоҳи пур зи таррор

Аз ин кисабурон коло нигаҳ дор!

Зи нафси бадгуҳар ҳар як Язиде,

Ба ҳилат карда худро Боязиде.

Ҳама гӯӣ шарикони Худоянд,

В-агар пурсӣ, надонанд аз куҷоянд.

Давом дорад…