Боби 16

ДАР БАЁНИ СОЛИКОНИ МУҲАҚҚАҚ

Чӣ донӣ кист дар кунҷи харобот,

Зи сӯзи дардмандон дар муноҷот.

Далелоне, ки биноёни роҳанд,

Сарири масканатро подшоҳанд.

Ниҳода номи худ ҳар як гадое,

Ду оламро зада бар пушти пое.

Бар эшон гар ду олам арза доранд,

Назар аз ҷониби Ҳақ барнадоранд.

Ту худ бо раҳравон хешӣ надорӣ,

Сару савдои дарвешӣ надорӣ.

Ҷаҳон холӣ зи мардони Худо нест,

На касро набвад он чӣ мар-туро нест.

Дағал бисёр мардон дар миёнанд,

Зи бас ағёр аз ёрон ниҳонанд.

Давом дорад…